Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Вазъи оилавӣ. Петр Сегрт сабаби тарк кардани тими миллии Тоҷикистонро гуфт
Яке аз беҳтарин сармураббиёни мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт бори аввал ошкоро сабаби рафтанаш аз тими милли Тоҷикистонро гуфт.
“Гап сари пул ё шартнома набуд. Федератсияи футболи Тоҷикистон мехост ман ҳамчун сармураббии мунтахаб бимонам, вале бо сабаби вазъи оилавӣ ман монда натавонистам. Ман хостам, ки дар рӯзҳои охири умри наздиктарин касам паҳлӯяш бошам”.
Ҳамчунин, Петр Сегрт меафзояд, ки ҳамеша кӯшиш кардааст, ки сад фоизи қувваи худро дар кор бахшад ва он ҳолат ин корро карда наметавонист.
“Ман Тоҷикистонро ёд мекунам. Мардуми меҳрубону бозингарони беҳтарин дорад. Замони фаъолиятам дар Тоҷикистон беҳтарин буд ва аз ёди ман намеравад”, илова кардааст Петр Сегрт.
Ёдовар мешавем, ки замони сармураббӣ будани Петр Сегрт мунтахаби Тоҷикистон таърихсозӣ кард. Бори аввал ба даври ¼ ниҳоии Ҷоми Осиё баромад ва ҳатто дар радабандии ФИФА мавқеи даста дар ҷойи 99-ум қарор гирифт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”