Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Тоҷикистон шумораи нақлиёти барқӣ чанд аст ва воридкунандагони он чӣ имконот доранд?
Бинобар иттилои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ шумораи нақлиёти барқӣ 34 ҳазору 354 ададро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар соли соли 2024 ба мамлакат 17 ҳазору 695 мошини барқӣ ворид гардида буд. Дар панҷ моҳи аввали соли 2025 бошад, беш аз 12 ҳазору 821 мошини нави барқӣ ворид карда шуд.
Манбаъ менависад, ки дар кишвар “Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028” қабул гардида, дар доираи он якчанд тадбирҳо, аз ҷумла таъсиси пойгоҳ барои истеҳсоли мошинҳои барқӣ ва ҷузъҳои онҳо, бунёди инфрасохтор барои таъмини барқ ва нигоҳдории мошинҳои барқӣ, таҳияи технологияи истифодаи батареяҳо, додани имтиёзҳои иловагӣ ва дигар имтиёзҳо ба ронандагони нақлиёти барқӣ ва ташаккули маҷмуи тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии рушди нақлиёти барқӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад, ки дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинӣ мошинҳои барқӣ истеҳсол намояд. Айни замон ҶДММ «Акиа Авесто Автоматив Индастри» истеҳсоли оммавии намудҳои нави автобусҳои барқӣ, инчунин истеҳсоли системаҳои дастгирии аккумуляторӣ барои мошинҳои барқиро аз рӯи принсипи «чандирӣ» ба нақша гирифтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”