27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
22.07.2025 11:27

Мушовирони Президенти Ӯзбекистон нав шуданд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо имзои фармоне як қатор тағйиротҳоро дар ҳайати мушовирони худ ворид намуд. Тағйироти кадрӣ ба бахшҳои муҳимми сиёсати хориҷӣ, иҷтимоӣ ва сиёсати кадрӣ рабт дорад.

Бар асоси фармони президент:
Абдулазиз Комилов ба вазифаи мушовири президент оид ба сиёсати хориҷӣ таъйин гардид. Ӯ қаблан, ба ҳайси намояндаи махсуси президент дар умури сиёсати хориҷӣ фаъолият мекард ва ҳоло аз он вазифа озод карда шуд;

Ғафурҷон Мирзоев ба ҳайси мушовири президент оид ба масъалаҳои кадрӣ таъйин гардида, аз вазифаҳои пешинааш - мушовири сиёсати кадрӣ ва директори Агентии рушди хидмати давлатӣ озод карда шуд;

Равшан Ғуломов ҳоло мушовири президент оид ба сиёсати иқтисодӣ таъйин шуд. Ӯ қабл аз ин ба ҳайси мушовир оид ба рушди иқтисодӣ ифои вазифа мекард;

Сардор Умурзоқов, ки қаблан мушовири президент оид ба супоришҳои махсус буд, ба мақоми мушовири президент оид ба рушди стратегӣ таъйин гардид;

Мансурбек Оллоёров ба вазифаи мушовири президент оид ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамчунин, директори Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ таъйин шуд. Ӯ аз вазифаи пешини ҳаммонанд озод карда шуд;

Русланбек Давлатов ба ҳайси мушовири президент оид ба масъалаҳои мақомоти намояндагӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, дин ва ҷавонон таъйин гардид. Ӯ, қаблан, дар вазифаи мушовири президент оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, диниву маърифатӣ ва ҷавонон фаъолият мекард.

Ин тағйирот, ба гуфтаи коршинсон, ба таҳкими идоракунии давлатӣ ва татбиқи самтҳои нави сиёсати дохиливу хориҷии Ӯзбекистон равона шудаанд.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.