27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
22.07.2025 10:28

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли асфалту бетон аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳамадонӣ

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 20-уми июл дар деҳаи Сайроби ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корхонаи нави истеҳсоли асфалту бетонро расман ба истифода доданд.

Корхонаи истеҳсоли асфалту бетон, ки аз сӯи соҳибкори ватанӣ Абдулазиз Ҷобиров дар доираи татбиқи сиёсати ободкоронаи ҳукумати Тоҷикистон бунёд шудааст, дар масоҳати беш аз 8 гектар бо арзиши умумии 2 миллиону 520 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти муосири истеҳсоли хориҷӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Тибқи иттилоъ, иқтидори хатҳои истеҳсолӣ дар як соат ба 70 тонна асфалт ва 60 метри мукааб бетон мерасад. Бо фаъол шудани корхона беш аз 100 ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, дар марҳилаи баъдӣ бо бунёди коргоҳи сеюм шумораи кормандон ба 120 нафар хоҳад расид.

Мақомоти давлатӣ мегӯянд, истифодаи маҳсулоти ватанӣ дар корҳои сохтмонӣ, бахусус роҳсозӣ, хароҷоти таъмири роҳро коҳиш дода, сифати корҳоро боло мебарад. Таҷҳизоти хати истеҳсолӣ аз ширкатҳои пешрафтаи хориҷӣ харидорӣ гардида, ба талаботи меъёрҳои сохтмонӣ мутобиқ мебошад.

Ифтитоҳи корхона дар доираи татбиқи Барномаи “Солҳои рушди саноат” ва омодагӣ ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ амалӣ гардида, ҷузъи муҳимми ҳадафҳои стратегии саноатикунонии босуръати кишвар арзёбӣ мегардад.

Сарвари кишвар дар вақти боздиди иншоот ба сифати корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот баҳои мусбат дода, барои истифодаи самаранок ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ба масъулин дастурҳои мушаххас ироа намуданд.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.