27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
22.07.2025 09:30

Фаррух Ҳасанов дар "Интервидение" Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад

Имрӯз, 21-уми июл зимни нишасти матбуотӣ Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги кишвар иттилоъ дод, ки Тоҷикистонро дар озмуни байналмилалии мусиқии "Интервидение" сарояндаи ҷавон Фаррух Ҳасанов намояндагӣ мекунад.

Ҳамчунин, Матлубахон Сатториён афзуд, ки ба ҷумҳурии мо расман даъватнома ирсол гардидааст ва пас аз даъват вазорат барои иштирок номзадии Фаррух Ҳасановро пешниҳод намудааст.

Вазири фарҳанг аз тамошобинон даъват кард, ки ҳангоми баромади намояндаи кишвар аз ӯ ҷонибдорӣ кунанд.

Ба иттилои дастрас, ҳоло Фаррух Ҳасанов барои иштирок дар озмуни байналмилалии мусиқии "Интервидение" омодагӣ дида истодааст.

Гуфта мешавад, ки намояндагони озмуни байналмилалии мусиқии "Интервидение" ба давлатҳое, ки номзадашон ширкат мекунад, сафар доранд ва рӯзҳои наздик аз Тоҷикистон низ дидан хоҳанд кард.

Дар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг инчунин масъалаи ташкили консертҳо дар “Кохи Борбад” баррасӣ гардид, ки дар ҷавоб Матлубахон Сатториён чунин гуфт:

- “Кохи Борбад муассисаи давлатии фарҳангӣ буда, ҳар нафаре нияти баргузории консерт ва ё чорабиниро дорад, ба вазорат муроҷиат намуда, дар сурати ба даст овардани иҷозат, метавонад онро доир намояд”.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар расонаҳо доир ба дастрас карда натавонистани иҷозат барои консерт бархе сарояндаҳо иброз доштанд, ки душворӣ мекашанд.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.