27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
21.07.2025 20:20

Тоҷикистон интиқоли неруи барқи Роғун ба Ӯзбекистонро оғоз мекунад

Тоҷикистон тасмим гирифт, ки барои интиқоли неруи барқи Роғун ба иҷрои созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз кунад.

Ин санад оғози марҳилаи нави ҳамкориҳои ду кишвар хоҳад буд ва шароити интиқоли неруи барқи Неругоҳи барқи обии Роғун ба кишвари ҳамсояро фароҳам хоҳад кард.

Дар марҳилаи аввал то замони пурра ба анҷом расидани сохтмони неругоҳ, интиқоли барқ фақат дар мавсими киштукор, аз апрел то сентябр сурат хоҳад гирифт. Маҳз дар ҳамин давра, дар минтақаҳои кишоварзии Ӯзбекистон истеъмоли неруи барқ хеле зиёд мешавад. Баъд ба кор даромадани пурраи тамоми иқтидорҳои Роғун интиқоли барқ ба таври доимӣ ва солона ба роҳ монда хоҳад шуд.

Созишномаи нави энергетикӣ барои муҳлати 20 сол ба имзо расида ва имкон дорад, ки ба таври худкор барои давраҳои даҳсолаи дигар тамдид шавад.

Ҷадвали интиқол ва ҳаҷми неруи барқ дар асоси созишномаи мустақими ширкатҳои Барқи тоҷик ва ширкати миллии энергетикии Ӯзбекистон мушаххас хоҳад шуд.

Ду ҷониб гуфтаанд, ки ихтилофоти эҳтимолӣ ба воситаи музокироти мустақим ҳаллу фасл мегардад.

Ин ҳамкорӣ дар пасманзари талошҳои минтақа барои таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди шабкаи барқии минтақавӣ сурат гирифта, метавонад ба коҳиши вобастагӣ аз сарчашмаҳои сӯзишвории зараровар ва густариши иқтисоди сабз мусоидат намояд.

Dialog.tj 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.