Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Толибон мардумшиноси русро барои қочоқи ҷавоҳирот боздошт карданд
Толибон як шаҳрванди Русия, мардумшинос Святослав Каверинро дар шаҳри Қундузи Афғонистон ба иттиҳоми қочоқи ҷавоҳирот боздошт ва ба шаҳри Кобул интиқол додаанд.
Хабаргузории давлатии ТАСС рӯзи якшанбе аз қавли сафорати Русия дар Афғонистон навишт, ки масъулони сафорати Русия дар Кобул вазъияти шаҳрванди боздоштшудаи Русияро пайгирӣ мекунанд.
Тибқи гузориш, то кунун иттилооти дақиқ дар бораи макони нигаҳдории Каверин дар даст нест.
Худи Святослав Каверин дар саҳифаи телеграми худ навиштааст: “Бо иттиҳоми кӯшиши қочоқи ҷавоҳирот дар Қундуз боздошт шудам”.
Ӯ дар идома навишт: “Умедворам масъала фақат ба бозпурсӣ ва санадҳои вобаста ба ҷавоҳирот маҳдуд шавад. Баъзан ба ман иҷозаи истифода аз телефони ҳамроҳро медиҳанд”.
Ин паём як шабонарӯз қабл нашр шуда ва аз он замон ба ин сӯ дигар паёме дар канали телеграмии ӯ интишор нашудааст. Дар бахши шарҳҳои ҳамин паём, наздикони ӯ навиштаанд, ки аз рӯзи шанбе ба баъд дигар бо ӯ тамос надоранд ва аз сарнавишташ бехабар мебошанд.
Хабаргузории ТАСС менависад, ки дипломатҳои рус масъалаҳои вобаста ба боздошти Святослав Каверинро пайгирӣ доранд.
Сафорати Русия дар Кобул низ тасдиқ намуд, ки ин қазияро пайгирӣ доранд.
Святослав Каверин аз кормандони Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Русия буда, ҳанӯз маълум нест, ки иттиҳоми ӯ то куҷо расмӣ ва собитшуда аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”