27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
21.07.2025 17:17

Толибон фурӯши бозичаҳои кӯдакона, аз ҷумла лухтакҳоро “ҳаром” донистаанд

Гурӯҳи террористии Толибон дар иқдоми нави худ фурӯши баъзе аз намудҳои бозичаҳои кӯдаконаро манъ карданд.

Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, мақомоти амр ба маъруфи Толибон фурӯши баъзе аз бозичаҳои кӯдакона, аз ҷумла лухтакҳо” –ро “ҳаром” дониста, манъ кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки фурӯши баъзе аз бозичаҳо, аз ҷумла лухтакҳо мувофиқи шариати ислом ҳаром аст.

Ин маҳдудияти нави гурӯҳи террористии Толибон дар ҳоле иҷро мешавад, ки дар 4 соли ахир Толибон тақрибан фишорҳо аз болои навъҳои гуногуни фароғату бозии мардум, бахусус кӯдакон ва ҷавононро афзоиш додаанд. Баъзе аз фаъолон мегӯянд, ин иқдом як бахши дигар аз сиёсатҳои сахтгирона ва назорати ин гурӯҳ аст, ки зиндагии иҷтимоии афғонистониҳоро зери фишор қарор додааст.

Шиддат гирифтани фаъолиятҳои нозирони амр ба маъруф дар пойтахти Афғонистон – шаҳри Кобул низ нигарониҳоеро ба миён овардааст. Бар асоси иттилои расида, даҳҳо духтари ҷавон дар рӯзҳои ахир дар нуқтаҳои мухталифи шаҳр боздошт шудаанд, вале Толибон то кунун дар хусуси сабабҳои ин боздоштҳо изҳори назар накардаанд.

Созмонҳои ҳуқуқи башар ин иқдомҳоро нақзи ошкори озодиҳои шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи кӯдакон дониста, аз гурӯҳи Толибон хостаанд, ки чунин иқдомҳоро манъ кунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.