Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Душанбе чорабинии безараргардонӣ ва мубориза бо ҳашароти зараррасон идома дорад
Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва таъмини амнияти санитариву эпидемиологӣ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе корҳои васеи дезинфексия ва дератизатсия идома дорад. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, корҳои дератизатсионӣ (безараргардонии зидди гургмушу дигар ҳашароти сироятии хонагӣ) аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии безараргардонии давлатӣ ва ҳамкорӣ бо Идораи шаҳрии дезинфексионии Душанбе амалӣ мешаванд.
Ҳудуди коркарди безараргардонӣ кӯчаи Каҳҳоров дар ноҳияи Фирдавсӣ ва кӯчаи Первомай дар ноҳияи Шоҳмансурро фаро гирифт. Манзилҳои истиқоматӣ, корхонаҳо ва муассисаҳо, марказҳои хӯроки умум, нуқтаҳои савдо, бозорҳо, воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, ширкатҳои хусусӣ, истгоҳҳо ва роҳравҳои пиёдагард маврди коркарди санитрӣ қарор гирифтанд.
Бар асоси иттилои Хадамоти санитарӣ дар маҷмуъ 114 иншоот мавриди мониторинг қарор гирифтаанд. Аз онҳо 23 манзили зист, 35 муассисаи хӯроки умум, 14 корхонаҳои саноативу меҳнатӣ ва 42 муассисаи коммуналӣ буда, ҳадаф аз ин санҷишҳо муайян кардани омилҳои мусоидаткунанда ба паҳншавии сироятҳо, аз ҷумла ҳузури гургмуш ва дигар хатарҳо мебошад.
Бар асоси натиҷаҳои ин санҷишҳо, ба муассисаҳо ва шахсони дахлдор санадҳои санитарӣ дода шуд ва иҷрои чораҳои фаврии дератизатсионӣ талаб гардид.
Ҳамзамон бо корҳои дезинфексионӣ, кормандони маркази назорати санитариву эпидемиологии шаҳри Душабе ва бахшҳои он дар ноҳияҳо бо аҳолии маҳаллаҳои зикршуда корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом доданд. Ба сокинон қоидаҳои риояи масъулиятнок дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ёдрас карда шуд.
Вазорат таъкид мекунад, ки корҳои дезинфексия ва дератизатсия дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт дар доираи нақша идома хоҳанд ёфт. Мақомоти шаҳрӣ аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки талаботи санитариро риоя намоянд ва бо сохторҳои дахлдор дар таъмини амнияти эпидемиологӣ ҳамкорӣ кунанд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”