27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
21.07.2025 12:57

Трамп таҳдид кард, ки иншооти нави атомии Эронро нобуд мекунад

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп гуфт, агар Эрон ният дошта бошад, ки иншооти атомии худро аз нав барқарор кунад, онҳо “ нобуд карда хоҳанд шуд”. Дар ин бора Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоии  "Truth Social" изҳори назар кардааст.

Ба гуфтаи Трамп “ҳамаи се иншооти атомии Эрон пурра вайрон ё нобуд карда шудаанд. Барқарор кардани онҳо ба чандин сол вақт ниёз дорад. Агар Эрон чунин ният дошта бошад, барояш судмандтар он хоҳад буд, ки ҳамаи равандро аз сари нав дар се макони алоҳида оғоз кунад, қабл аз он ки иншооти имрӯза нобуд гарданд”.

Ин изҳорот дар пасманзари афзоиши шиддат миёни Эрон ва кишварҳои аврупоӣ, бахусус пас аз таҳримҳои нави иқтисодии Амрико садо медиҳад.

Аз ҷониби дигар, намояндаи Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии парлумони Эрон Иброҳим Ризоӣ қаблан ба хабаргузории Тасним гуфта буд, ки Теҳрон дар посух ба фишорҳои фазояндаи таҳримҳо метавонад аз Созишномаи манъи густариши силоҳи атомӣ хориҷ шавад. Ӯ, инчунин, илова кард, ки Эрон метавонад ғанисозии уранро аз сатҳи 60 фоиз боло бурда, истеҳсолу содироти сентрифугаҳои пешрафтаро афзоиш диҳад.

Мақомоти Эрон қаблан гуфта буданд, ки ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии энергетикаи атомӣ (МАГАТЭ) пурра қатъ нашудааст, аммо минбаъд он метавонад дар шакли нав идома ёбад.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.