Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Мушовири аршади Хоманаӣ бо Владимир Путин дидор ва гуфтугӯ кард
Алии Лориҷонӣ, мушовири олии роҳбари Эрон ба Русия сафар намуда, дар кохи Кремл бо Владимир Путин, Президенти Русия дидор ва мулоқот намуд.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл дар ин хусус иттилоъ дода, афзуд, ки ҷонибҳо дар ин мулоқот вазъияти Ховари Миёна ва Барномаи атомии Эронро баррасӣ намуданд.
Ба гуфтаи Дмитрий Песков, президенти Русия дар ин мулоқот дубора аз мавқеи устувори Маскав дар ҳимояти субот дар минтақа ва зарурати ҳалли сиёсӣ барои масъалаҳои вобаста ба Барномаи атомии Эрон ҳимоят кардааст.
Ин мулоқот дар ҳоле сурат мегирад, ки муносибатҳои стратегии миёни Эрон ва Русия дар пасманзари таҳаввулоти географияи сиёсӣ ва таҳримҳои байналмилалӣ аҳамияти рӯзафзун касб мекунад.
Сафари мушовири олии роҳбари Эрон ба Маскав дар ҳоле сурат мегирад, ки чанде қабл бархе расонаҳои ғарбӣ навиштанд, Путин аз Эрон хостааст, ки ба ғанисозии уран поён дода, ғанисозии сифрро дар музокироти атомӣ бо Амрико қабул кунад. Ин хабар баъдан аз сӯйи мақомоти эронӣ рад шуд. Онҳо таъкид намуданд, ки аз ҷониби Русия чунин пешниҳодро дарёфт накардаанд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”