Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Нетаняҳу бар асари истеъмоли ғизои фосид ба илтиҳоби рӯда мубтало шудааст
Дафтари Сарвазири режими Исроил рӯзи якшанбе хабар дод, ки Бенямин Нетаняҳу бо сабаби истеъмоли ғизои фосид ба илтиҳоби рӯда дучор шуда, чанд рӯз бояд дар хона бистарӣ шавад.
Бар асоси ин изҳорот Нетаняҳу шаби гузашта баъд аз эҳсоси нороҳатӣ дар хонааш таҳти муоинаи профессор Алон Ҳершко, мудири бахши бемориҳои дарунии бемористони “Ҳадаса айн Карем” қарор гирифт. Натиҷаҳои озмоишҳо нишон доданд, ки ӯ бинобар истеъмоли ғизои вайроншуда ба бемории илтиҳоби рӯда мубтало шудааст.
Дафтари Сарвазир изҳор дошт, ки вазъи саломатии Нетаняҳу ҳоло муътадил арзёбӣ мешавад ва ӯ дар ҳолати табобат бо воситаи интиқоли моеъ ба воситаи вена қарор дорад. Табибон тавсия додаанд, ки ӯ бояд чанд рӯз дар хона истироҳат кунад.
Моҳи гузашта низ Нетаняҳу дар бемористони Шаарй Стедек дар шаҳри Қудси ишғолшуда ҷарроҳии муқаррарии колоноскопия гузаронида буд. Ӯ қаблан низ дар аввали соли 2024 ҷарроҳии простата ва чанд амали дигарро паси сар карда буд.
Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки танқидҳои ҷомеаи дохили Исроил аз стратегияи сиёсии Нетаняҳу дар масъалаҳои дохиливу хориҷӣ, бахусус сиёсати ӯ дар Ғазза ва робитаҳояш бо кишварҳои ҷаҳонӣ, афзоиш ёфтааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”