Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Довталабони норозӣ дар бораи камбудиҳои ҷойдошта аризаи апеллятсионӣ менависанд
Бинобар иттилои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабон имкон доранд аз 21-ум то 23-юми июл дар бинои марказ (шаҳри Душанбе), инчунин, дар нуқтаҳои иттилоърасонии шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Рашт ва Шаҳритус дар бораи норозӣ будан аз холҳои дар ИМД – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) гузошташуда аризаи апеллятсионӣ нависанд.
Гуфта мешавад, ки бо мақсади таъмини ҳуқуқи довталабон барои арзёбии воқеӣ ва ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марбут ба тартиби гузарондан ё натиҷаҳои имтиҳонҳо ба довталаб ҳуқуқи навиштани аризаи апеллятсионӣ (дар шакли хаттӣ) дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон ва ё норозӣ будан аз холҳои гузошташуда дода мешавад.
Иттилоъ дода мешавад, ки баррасии аризаи апеллятсионӣ маънои аз нав имкони имтиҳон супоридан ё ба даст овардани холи иловагиро надорад, балки дар рафти он танҳо дурустии холҳои барои имтиҳон ба довталаб гузошташуда санҷида мешавад. Агар варақаҳои ҷавобҳои довталаб тавассути барномаи компютерӣ бе хатои техникӣ коркард шуда, холҳои барои имтиҳони ӯ гузошташуда дуруст бошанд, аризааш баррасӣ карда намешавад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”