Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сардори разведкаи Амрико Обамаро ба ташкили тавтиа бар зидди Трамп муттаҳам кард
Сардори иктишоф (разведка)-и ҳукумати Доналд Трамп Тулси Габбард, президенти собиқи Амрико Барак Обама ва чанде аз кормандони баландпояи амнияти миллиро бар он муттаҳам кард, ки гӯё онҳо хабари дахолати Русия ба интихоботи президентии соли 2016-ро сохта, бо ин роҳ кӯшиш намуданд, ки пирӯзии Трампро зери суол қарор диҳанд.
Тулси Габбард ин амалро “тавтиаи хиёнатомез” номид ва талаб кард, ки нисбати муттаҳамон парвандаи ҷиноӣ боз шавад. Ӯ гуфт, Обама ва тими ӯ иттилооти ҷосусиро сохтакорӣ намуда, ҳақиқатро пинҳон доштаанд ва нияти онҳо сарнагун кардани ҳукумати Трамп ва роҳ надодан ба иҷрои салоҳиятҳои президентии ӯ будааст.
“Иттилооте, ки мо имрӯз нашр мекунем, рӯшан нишон медиҳад, ки соли 2016 тавтиаи хиёнатомез аз ҷониби мансабдорони сатҳи баландтарини ҳукумати мо анҷом дода шудааст. Ҳадафи онҳо ин буд, ки иродаи мардуми Амрикоро зери по гузоранд ва амалан як табадуллоти тӯлониро амалӣ намоянд, ки монеи иҷрои вазифаҳои президенти интихобшуда гардад. Новобаста ба мансаб ва нуфузашон, ҳар нафаре, ки дар ин тавтеа даст доштааст, бояд мавриди таҳқиқ қарор гирад ва тибқи қонун комилан ба ҷавобгарӣ кашида шавад, то чунин чиз дигар ҳаргиз такрор нашавад”- таъкид намуд Тулси Габбард.
Ӯ афзуд, ки ҳуҷҷатҳои вобаста ба ин иттиҳомотро ба Вазорати адлияи ИМА супурдааст. Ба гуфтаи ӯ, дар миёни ин ҳуҷҷатҳо гузориши қисман махфишудаи ҷомеаи иктишофии замони Обама дар бораи таҳдидҳои киберии вобаста ба интихоботи соли 2016, инчунин, чанд ёддошти пештар махфӣ буда, аз ҷумла баъзе аз онҳо аз дарёфти Ҷеймс Килеппер, директори вақти иктишофии миллӣ мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, президенти Амрико Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоии Truth Social аз иқдоми Тулси Габбард ҷонибдорӣ кардааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”