Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Боз қасди худкушӣ. Модари 5 фарзанд аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд
Тавре ки Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, 19-уми июл, тахминан соати 18:20, шаҳрванд Абдурасулова Б. А., санаи таваллудаш 30.06.1997, сокини ҷамоати деҳоти С. Айнӣ, деҳаи Гулистони ноҳияи Хуросон, оиладор ва соҳиби 5 фарзанд, бо сабабҳои номаълум худро аз болои пули мошингузари ҳудуди ноҳияи Кушониён ба дарёи Вахш партофтааст.
Манбаъ меафзояд, ки наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамали наҷоти раёсат дар ҷараёни корҳои наҷотдиҳӣ сокини ноҳияи Хуросонро тақрибан 500–600 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса аз об наҷот дода, ба ӯ ёрии аввалини тиббӣ расониданд.
Гуфта мешавад, ки номбурда дар беморхонаи марказии ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кушониён бистарӣ шуда, айни ҳол вазъи саломатиаш хуб арзёбӣ мегардад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”