27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
20.07.2025 17:03

Коршиносони турк: То вақте Исроил ҳаст, ҷангҳо поён намеёбад

Як гурӯҳ таҳлилгарон ва сиёсатшиносони маъруфи Туркия бо интиқоди шадид аз сиёсати тавсеаталабонаи режими Исроил мегӯянд, ки ҳузури ин кишвар дар харитаи ҷаҳон монеаи аслии поёни ҷангҳо дар Ховари Миёна мебошад ва хатаре барои якпорчагии кишварҳои минтақа ба ҳисоб меравад.

Тибқи гузориши расонаҳо, Иброҳим Қарағул – таҳлилгари турк ва нависандаи рӯзномаи “Яни Шафақ” гуфтааст, “Исроил на фақат ба Сурия, балки ба Туркия, Эрон, Лубнон ва Миср низ таҳдид мекунад ва нақша дорад, ки сиёсатҳои таҷовузкоронаи худро дар ин кишварҳо такрор намояд”. Ба гуфтаи Иброҳим Қарағул “хатари Исроил маҳдуд ба ҳамлаҳои низомӣ нест.

Ин режим дорои бемории идеологӣ ва ихтилоли фикрист, ки бояд омӯхта шавад. То замоне, ки номи Исроил дар харитаи географӣ аст, ҷангҳо дар минтақа хотима намеёбанд”.

Ӯ афзуд, ки агар имрӯз Исроил ба Ғазза, Эрон, Лубнон ва Сурия ҳамла мекунад, фардо метавонад Саҳроҳои Сино, Анатолия ва ҳатто Истанбулро низ ҳадаф қарор диҳад. Қарағул ҳушдор дод, ки “Туркия ва дигар кишварҳои минтақа бояд на фақат ба имрӯз, балки ба фардо бияндешанд ва омодагӣ бигиранд”.

Ӯ дар идомаи таҳлилаш ба даргирии миёни ҷангҷӯёни вафодор ба Абумуҳаммад ал-Ҷӯлонӣ, фармондеҳи гурӯҳи террористии "Ҳайат-ат-таҳрир аш-Шом" ва ҷангиёни дарузии минтақаи ас-Сувайдо ишора карда, гуфт, ки режими Исроил дар ин муноқишаҳо ба ҷониби дарузҳо кумак мекунад.

Ӯ аз Анқара даъват намуд, ки “дар ҳолати омодабоши комил қарор гирад ва худро барои ҳар гуна ҳамлаи эҳтимолӣ омода созад”. Ба навиштаи Бадрулқодир Селвӣ, таҳлилгари дигар аз рӯзномаи “Ҳурриёт”, режими Исроил мехоҳад Сурияро ба чор давлатчаи алоҳида барои дарузҳо, алавиҳо ва курдҳо ва аҳли суннат тақсим намояд.

Ин дар ҳолест, ки Тоҳо Оқйул, нависандаи рӯзномаи мухолифи “Қарор” дар матлабе навишт, “Исроил ба география ва сохтори нажодӣ ва мазҳабии минтақа таваҷҷуҳи амиқ дорад ва онро ба як стратегияи ҷиддӣ табдил додааст”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳар қадаре, ки минтақа ба сулҳ наздиктар мешавад, “Исроил баҳонаҳояшро барои оғози ҷанг бештар аз даст медиҳад”. Юсуф Зиё Гумурт, таҳлилгари дигар суол мекунад: “Чаро Исроил ба Сурияе, ки робитаҳои худро бо Тел-Авив одӣ кардааст, ҳамла мекунад?” Ва худаш посух додааст: “Зеро ки Сурияи тақсимшуда ва заифшуда ба манфиати дарозмуддати Исроил аст”.

Dialog.TJ 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.