Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Шавкат Мирзиёев: "Ҳар навъ нооромӣ дар Эрон ба зарари Осиёи Марказӣ аст”
Ҳамлаҳои ахири Исроил ба қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон вокуниш ва нигаронии амиқи кишварҳои Осиёи Марказиро ба бор овардааст. Ба гузориши расонаҳо, кишварҳои ин минтақа, ки маҳдуд ба баҳр ва обҳои озод нестанд, барои васл шудан ба бозорҳои ҷаҳонӣ бо роҳҳои транзитии кишварҳое, чун Эрон, Чин ва Русия ниёз доранд ва ҳар навъ бесуботӣ дар Ховари Миёна метавонад ин роҳҳоро зери хатар қарор диҳад.
Дар робита ба ин масъала Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар як конфронси видеоии изтирорӣ гуфт, ки “пайдошавии як нуқтаи нави низоъ дар ҷаҳон, ногузир на фақат ба Ховари Миёна, балки ба амнияти Осиёи Марказӣ низ таъсир мегузорад”.
"Идомаи ин низоъ метавонад ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва роҳҳои логистикиро печидатар созад”- таъкид намуд Шавкат Мирзиёев. Ин суханон дар шароите баён мешаванд, ки кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон мекӯшанд аз вобастагӣ ба роҳҳои шарқӣ (Чин) ва Шимолӣ (Русия) бикоҳанд ва ба бозорҳои ҷанубӣ, аз ҷумла ба воситаи Эрон ва бандари Чобаҳор дастрасӣ пайдо кунанд.
Бандари Чобаҳор ва долони Шимол-Ҷануб ҳамчун лоиҳаҳои муҳимми геоиқтисодӣ дар стратегияи “гуногунсозии транзитӣ” –и кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи муҳимме доранд. Оғози ҳар навъ ҷанг ё беэътимодӣ дар миёни Эрон метавонад ин лоиҳаҳоро бо буҳрон рӯ ба рӯ кунад ва вобастагии кишварҳои минтақа ба Чин ва Русияро дубора афзоиш диҳад.
Аз ҷумла, роҳи оҳани Мазори Шариф-Кобул-Пешовар, ки бо ибтикори Ӯзбекистон, Афғонистон ва Покистон дар ҳоли бунёд аст, ба ҳайси як пул ба сӯи бандарҳои ҷанубӣ, бахусус обҳои озоди уқёнус арзёбӣ мешавад. Таҳлилгарони минтақавӣ ҳушдор медиҳанд, ки агар буҳрони миёни Эрон ва Исроил ба ҷанги фарогир мубаддал гардад, он на фақат ба бозорҳои энергетикӣ, балки ба ҳамаи шабакаҳои иртиботиву иқтисодии Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ хоҳад расонд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”