Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Толибон забони форсиро манъ мекунанд. Журналистон аз сиёсатҳои зидди форсӣ шикоят доранд
Шуморе аз журналистон дар Афғонистон зери ҳокимияти гурӯҳи террористии Толибон аз фишори фазоянда ва табъиз нисбат ба забони форсӣ дар расона ва муассисаҳои таълимӣ изҳори нигаронӣ карда мегӯянд, ки ин сиёсат рӯз ба рӯз ҷиддитар мешавад.
Бархе аз кормандони расонаҳои дохилӣ гуфтаанд, ки барои “хушомандгӯӣ ба Толибон” ва дар заминаи афкору ақидаи забонӣ, аз истифода кардани калимаҳои форсӣ манъ шудаанд ва ҳатто гузоришҳояшон, агар вожаҳои "ғайриписандида" истифода шаванд, нашр намешавад. Як журналист бо номи мустаори Заҳро мегӯяд, “пас аз суқути Кобул ба дасти Толибон фишорҳо барои ҳазви вожаҳои форсӣ ва иваз намудани онҳо бо муодилаи пашту афзоиш ёфтааст. Ба таври ошкоро гуфта мешавад, ки бояд вожаҳои чун "донишгоҳ" ба "паҳантун" иваз карда шавад, вагарна маводи хабарӣ чоп намешаванд.
Тибқи иттилоъ, ин фишорҳо фақат бо вожаҳо маҳдуд намешаванд. Пажӯҳиши рӯзномаи “Ҳашти субҳ” нишон медиҳад, ки дар Донишгоҳи Кобул, ки ҳоло дар зери роҳбарии Усома Азиз, яке аз чеҳраҳои Толибон қарор дорад, ҳама нома ва ҳуҷҷатҳои форсӣ ба забони пашту баргардон шудааст. Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки дар вилояти Тахор вожаҳои “донишҷӯ” ва “донишгоҳ” расман манъ шуда, 17 корманди давлатӣ фақат барои истифода аз ин вожаҳо аз вазифаҳояшон барканор шудаанд.
"Умар” як журналист ба рӯзномаи “Ҳашти субҳ” гуфтааст, ки ин фишорҳо фақат аз ҷониби худи Толибон нест, балки бархе аз масъулони расонаҳо низ бо истифода аз ин фурсати сиёсӣ, сиёсатҳои худхоҳонаи забониро пеш мебаранд ва ҳатто онро ба “ҳайси ифтихор” зикр мекунанд. Дар як иқдоми дигар сафорати Толибон дар Исломобод расман истифодаи забони форсӣ дар муомилоти расмиро манъ карда, забони паштуро ба унвони забони коргузорӣ қабул кардааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”