Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Гармои шадид дар мекӯбад” Аз 19 то 23-ум дар Тоҷикистон ҳаво 46 дараҷа гарм мешавад
Мақомоти обуҳавошиносии Тоҷикистон пешбинӣ мекунанд, ки аз 19 то 23-уми июл дар Тоҷикистон мавҷи гаромои шадид ба вуҷуд хоҳад омад ва ҳарорати ҳаво то ба 46 дараҷаи гармӣ хоҳад расид.
Агентии обуҳавошиносии кишвар дар ин хусус иттилоъ дода, афзуд, ки баландшавии ҳарорати ҳаво бештар дар водиҳои ҷанубӣ ва марказӣ эҳсос хоҳад шуд. Тибқи иттилои расмӣ интизор меравад, ҳарорати ҳаво дар водиҳои вилояти Хатлон аз 41 то 46 дараҷа, дар ноҳияҳои тобеи марказ аз 39 то 44 дараҷа, дар водиҳои вилояти Суғд аз 38 то 43 дараҷа, дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ аз 35 то 40 дараҷа ва дар ноҳияи Дарвоз то ба 43 дараҷа афзоиш ёбад.
Агентӣ ҳушдор медиҳад, ки чунин мавҷи дарозмуддати гармо, дар баробари об шудани босуръати барф метавонад сабаби обшавии пиряхҳо ва омадани селҳо дар кӯҳҳо, махсусан дар минтақаҳои ғарбии ВМКБ ва дигар ноҳияҳои кӯҳии кишвар гардад. Ҳамзамон, эҳтимоли болоравии сатҳи об дар дарёҳои кӯҳӣ вуҷуд дорад, ки барои аҳолӣ ва инфрасохтор хатарзо мебошад.
Мақомот аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёт кунанд, аз сафар ба кӯҳсорҳо ва дарёҳо худдорӣ намоянд ва қоидаҳои бехтариро ҷиддӣ риоя кунанд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”