Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Садир Жаппоров созишномаи сеҷонибаи сарҳадии Қирғизистон бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро расман тасдиқ кард
Садир Жаппоров, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон қонунеро имзо намуд, ки тасдиқи созишномаи миёни Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаҳои пайванди марзҳои давлатӣ дар миёни се кишварро пешбинӣ мекунад.
Бар асоси гузориши расонаҳои қирғизистонӣ ин қонун қаблан дар рӯзи 25-уми июни соли 2025 аз ҷониби парлумони Қирғизистон –Жогорку Кенеш қабул шуда буд. Созишномаи мазкур рӯзи 31-уми марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби президентҳои се кишвар – Эмомалӣ Раҳмон, Садир Жаппоров ва Шавкат Мирзиёев ба имзо расид. Дар ин мулоқот роҳбарони кишварҳо ба созиш расиданд, ки нуқтаи мушаххаси пайванди марзҳоро дар водии Фарғона, дар маҳалли иттиҳоди вилоятҳои Суғд, Фарғона ва Ботканд муайян кунанд.
Тасдиқи ин созишнома аз ҷониби ҳуқуқи дохилии Қирғизистон барои иҷрои муқаррароти қонунҳо “Дар бораи созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Қирғизистон” ва “Оинномаи Жогорку Кенеш” сурат гирифтааст. Ин раванди дипломатӣ, ки дар пасманзари танишҳои солҳои ахир миёни кишварҳои ҳаммарз сурат мегирад, метавонад заминаеро барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва коҳиши нофаҳмиҳо фароҳам созад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад