Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Чехия таблиғи идеологияи коммунизм ҷиноят шумурда мешавад
Президенти Ҷумҳурии Чехия Петр Павел қонунеро имзо кард, ки бар асоси он минбаъд таблиғи коммунизм ҷиноят шумурда мешавад.
Петр Павел, Президенти Ҷумҳурии Чехия тағйирот дар кодекси ҷиноятиро имзо кард, ки бар асоси он минбаъд таблиғи идеологияи коммунизм бо таблиғи натсионализм баробар дониста мешавад. Ин тағйирот дар кодекси ҷинояитии Чехия баъди имзои президент ҳукми қонунӣ гирифт. Бар асоси қонуни нав, шахсоне, ки ҳаракатҳоеро, аз қабили натсионализм, коммунизм ё дигар равияҳо, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро маҳдуд месозанд ё ба барангехтани нафрати қавмӣ, миллӣ, динӣ ё синфӣ равона шудаанд, таъсис медиҳанд, дастгирӣ мекунанд ё ташвиқ менамоянд, метавонанд то панҷ сол маҳкум ба зиндон шаванд. Қонун қаблан фақат таблиғи натсионализмро манъ мекард, вале бо ин ислоҳот таблиғи коммунизм низ бо таблиғи натсионализм баробар дониста мешавад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”