Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
"Ҳафткӯл-2025". Дар Панҷакент Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳӣ
Бинобар иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-ум то 3-юми августи соли 2025 дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳӣ баргузор мешавад.
Манбаъ меафзояд, ки ҳадаф аз доир намудани ниммарафони мазкур баланд бардоштани маърифати экологӣ, оммавӣ гардонидани дави варзишӣ, рушди сайёҳии варзишӣ, муттаҳидсозии ҷавонон тавассути варзиш, омода намудани варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Гуфта мешавад, ки дар Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии "Ҳафткӯл-2025" аз давлатҳои мухталифи ҷаҳон иштирок намуда, дар масофаҳои 3, 10 ва 21 км байни ҳам рақобат мекунанд. Ҳамчунин, зикр мегардад, ки барои ғолибони Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Ҳафткӯл-2025» ҷоизаҳои молӣ ва туҳфаҳо пешбинӣ гардидааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”