Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Мавҷи гармо дар Аврупо: Ҳудуди 2300 нафар дар 12 шаҳр ҷони худро аз даст доданд
Бар асоси таҳлили илмие, ки рӯзи чоршанбе нашр шуд, ҳудуди 2300 нафар дар 12 шаҳри Аврупо бар асари таъсири мавҷи гармо ҷон бохтаанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон тағйироти иқлимӣ сабаби шиддат гирифтани гармо ва маргҳои вобаста ба он шудаанд.
Ин таҳқиқ, ки давраи аз 10 то 20-уми июлро фаро мегирад, нишон медиҳад, ки қисматҳои бузурги Аврупои Ғарбӣ ба гармии ғайриодӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Дар баъзе нуқтаҳои Испания ҳарорат ба 40 дарҷа расида ва дар ҷанубу шарқи Фаронса сӯхторҳои ҷангал ба шаҳри Марсел наздик шудаанд.
Бар асоси иттилои пажӯҳишгарони Коллеҷи Империали Лондон ва Мактаби тандурустии тропикии Лондон иқлими тағйирёбанда ин мавҷи гармоҳоро шадидтар ва марговартар кардааст.
“Тағйироти иқлим гармоҳои ҳаворо хеле хатарноктар ва сахттар кардаанд ва ҷомеа бояд ба оқибатҳои он омода бошад”- гуфт, иқлимшинос Бен Кларк.
Таҳқиқи мазкур шаҳрҳои Барселона, Мадрид, Лондан, Милан ва чанд шаҳри дигари аврупоиро фаро гирифтааст. Мутахассисон гуфтаанд, ки миёнаи ҳарорат дар ин шаҳрҳо бо таъсири иқлим то чор дараҷа баландтар шудааст.
Мақомот ва коршиносони аврупоӣ мегӯянд, ки таҷҳиз ва омодагии кишварҳо барои рӯёрӯӣ бо гармии шадид кофӣ нест ва бо афзоиши партови газҳои гулхонаӣ, эҳтимолан гармоҳои шадидтару зудтар ба воқеият табдил ёбанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”