Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Тайланд писарбачаи 8-солае пайдо шуд, ки дар зери тарбияи сагҳо ба воя расидааст
Мақомоти Тайланд дар шимоли кишвар, дар вилояти Уттарадит писарбачаи ҳаштсолаеро пайдо намуданд, ки дар давоми чанд соли ахир бо шаш саг ва бидуни назорати инсон ба воя расидааст. Ин кӯдак гап намезанад, мисли сагҳо аккос мезанад, ҳаракат мекунад ва аз мардум метарсад.
Тибқи иттилоъ, модар ва бародари 23-солаи ин кӯдак гирифтори нашъамандӣ будаанд. Модари ӯ ҳар моҳ 400 бат кумакпулии давлатро барои таҳсили фарзандаш гирифта, аммо кӯдак ҳеч гоҳ ба мактаб нарафтааст.
Кӯдак, ки ҳамаи амалҳои худро аз сагҳо омӯхтааст, фақат бо чор даст роҳ рафта, бо инсонҳо иртибот нагирифтааст ва ҳама вақтро бо сагҳо гузаронидааст.
Гуфта мешавад, ки ин ҳодисаро мудири мактаби маҳаллӣ ба як бунёди хайриявӣ хабар додааст. Баъд аз он, рӯзи 30-уми июн мақомоти давлатӣ бо кумаки ин бунёд амалиёти наҷотро оғоз намудаанд.
Хонаводаи ӯ дар як минтақаи сермуаммои ҷиноятҳои маводи мухаддир зиндагӣ мекарданд. Ҳамсояҳо мегӯянд, ки модари кӯдак пайваста дар назди маъбадҳо талабандагӣ мекард ва аксари мардум аз ӯ канора мегирифтанд.
Баъди расидани полис ба ҷои ҳодиса модар ва бародар бо иттиҳоми истифодаи маводи мухаддир боздошт шуданд. Худи кӯдак ба маркази ҳифзи кӯдакон супурда шуд.
Мақомот мегӯянд, ҳоло писарбача зери назорати равоншиносон, табибон ва мураббиёни махсус қарор дорад. Барои ӯ хӯрок, паноҳгоҳ ва нигоҳубини тиббӣ таъмин шудааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”