27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
18.07.2025 17:54

Нархи ҳама намуди визаҳои амрикоӣ дар соли 2026 қимат мешавад

Бо наздик шудани соли 2026 эҳтимолан арзиши нархи ҳама намуди визаҳои ғайримуҳоҷиратии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боло меравад, ки ин ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Тибқи иттилоъ, дар сурати тасвиби ниҳоии як қонуни нав бо номи расмии H.R.1 ё One Big Beautiful Bill эҳтимол меравад, ки ба ҳамаи навъҳои виза, аз ҷумла туристӣ (В1, В2), донишҷӯӣ (F, J) ва корӣ (H, O ва дигар навъҳо) нархи нави ҳатмӣ бо номи Visa Integrity Fee ба маблағи 250 доллар илова карда шавад.

Ин маблағ ба боҷи ҳозираи консулӣ, ки 185 доллар аст, ҳамроҳ мешавад ва арзиши умумии гирифтани визаи амрикоӣ метавонад то ба 435 доллар афзоиш ёбад.

Бар асоси иттилои пешакӣ, боҷи Integrity Fee ғайриқобили лағв ё тахфиф аст ва фақат дар сурате баргардонида мешавад, ки довталаб ҳамаи шартҳои истифодабарии визаи худро дақиқан риоя карда бошад. Аммо механизмҳои дақиқи баррасии риояи ин шартҳо то ҳол рӯшан нест.

Дар ин бора сафорати Амрико дар Қазоқистон ба расонаҳои иттилоъ дода, афзудааст: “4-уми июл Президент Трамп "One Big Beautiful Bill"-ро имзо кард. Мо ба зудӣ иттилои бештар дар бораи татбиқ ва таъсири ин қонун ба кори департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нашр хоҳем кард. То вақти эълони расмӣ, ҳамаи расмиёти қонунӣ ва хароҷотҳо бе тағйир боқӣ мемонад”.

Дипломатҳои амрикоӣ таъкид кардаанд, ки то замони мавриди амал қарор гирифтани қонуни нав арзиши визаҳо бе тағйир боқӣ мемонанд. Онҳо таъкид намудаанд, ки ҳанӯз тағйирот расман амалӣ нашудааст.

Тибқи гуфтаи мақомоти амрикоӣ агар қонун амалан татбиқ шавад, барвақттар аз соли 2026 ба иҷро хоҳад даромад. Фақат эълони расмӣ аз департаменти давлатӣ метавонад тағйироти навро мавриди амал қарор диҳад.

 Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.