27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
18.07.2025 17:48

Ҷанҷоли нав дар Сурия. Ҷӯлонӣ бо аъзои хонаводааш аз Димишқ фирор кардааст

Хабарҳои зидду нақиз дар расонаҳои арабӣ дар бораи Аҳмад Шаръ, раҳбари кунунии ҳукумати Сурия нашр мешавад. Ин хабарҳо вокунишҳои густурдаи дохилӣ ва байналмилалиро ба вуҷуд овардааст.

Тибқи иттилоъ, Аҳмад Шаръ, маъруф ба Ҷӯлонӣ аз шаҳри Димишқ бо аъзои хонаводааш фирор кардааст. 

Дар ҳамин ҳол, расонаҳо гузориш доданд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ назорати радиову телевизиони давлатии Сурияро ба даст гирифтаанд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш шабакаи Ал-Ҷазира, гузориши миннатдории ӯ аз амири Қатарро ба хотири “нақшаш дар таъмини субот ва амният дар Сурия” нашр кард.

Ба навиштаи расонаи “Ал-Маёдин” дар як амалиёти тарҳрезишудаи террор, се узви аршади ҳукумати Ҷӯлонӣ, аз ҷумла Мураҳф Абуқусра, вазири дифоъ кушта шудаанд. Тафсилоти бештари ин ҳамла то ҳол дар расонаҳо чоп нашудааст.

Дар пайи ин нооромӣ Шурои олии қабилаҳои араб дар Сурия ба таври расмӣ фарохони умумӣ эълон карда, аз тамоми қабилаҳо дар вилояти Сунай ва дигар минтақаҳо даъват кардааст, ки ба сӯи Сувайдо, минтақаи аҳолинишинӣ дарузӣ ҳаракат кунанд.

Ин Шуро ба нашри як изҳорот гуфт: “Мо, фарзандони қабилаҳои Сурия бо нигаронии амиқ қатлу куштор ва ҷиноятҳои таҷовуз бар зидди қабилаҳои араб дар Сувайдоро пайгирӣ мекунем”.

Шабакаи Ал-Арабия хабар дод, беш аз 50 ҳазор нафар аз неруҳои қабилаҳои араб акнун дар роҳи Сувайдо қарор доранд ва даҳҳо ҳазор нафари дигар дар чанд соати оянда ба марзҳои он мерасанд. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки қавмҳое аз Ироқ, Урдун ва Лубнон низ омодаи пайвастан ба ин ҳаракат ҳастанд.

Рӯзи гузашта дар пайи ҳамлаи неруҳои вобаста ба Шайхи дарузӣ - Ҳикмат ал-Ҳиҷрӣ, беш аз 100 нафар кушта ва ҳазорҳо тан аз сокинони қабилаҳои арабӣ иҷборан тарки манзил кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, барқ, интернет ва иртиботи мобилӣ дар тамоми вилояти Сувайдо қатъ шудааст. Манобеъ мегӯянд, эҳтимолан дар ҳоли таҳияи амалиёти бузурги низомӣ ҳастанд, ки метавонад вазъиятро дар минтақа ба сатҳи ҷанги фарогир бикашад.

Расонаҳо ҳамзамон аз парвози ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил аз болои осмони ҷануби Сурия, бахусус вилояти Сувайдо хабар медиҳанд. Дронҳо ва ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил ҳамлаҳое бар зидди неруҳои қабилаҳои арабӣ анҷом додаанд.

Ба навиштаи расонаҳо қабилаҳо иддао доранд, ки бахшҳои муҳимми маркази Сувайдо ҳамакнун дар зери назорати онҳо қарор дорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.