27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:48, Душанбе
18.07.2025 16:42

Салоҳиятҳои Саида Мирзиёева дар сохтори давлатии Ӯзбекистон афзоиш ёфт

Бо фармони нави Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ба раиси тозатаъйини Дастгоҳи иҷроияи Президент Саида Мирзиёева як қатар ваколат ё салоҳиятҳои нави муҳим дода шудаанд. Ин қарор дар доираи талошҳо барои “баланд бардоштани самаранокӣ ва натиҷабахшии низоми идораи давлатӣ” гирифта шудааст.

Саида Мирзиёева, ки чанд ҳафта қабл ба ин мақом таъйин шуда буд, ҳоло ҳуқуқи таъйину озод кардани мушовирони президент ва муовинони роҳбарони бахшҳои зердаст, ҳамчунин, роҳбари котибот ва дигар шахсони масъулро дар ихтиёр дорад.

Бар асоси санади расмӣ, ӯ ҳамчунин, метавонад мутахассисони ватанӣ ва хориҷиро барои иҷрои барномаҳои стратегӣ ва рушди миллӣ ҷалб кунад ва ҳақ дорад, музди меҳнат ва асъори пардохти онҳоро муайян намояд.

Дар давоми ду ҳафтаи оянда хонум Мирзиёева бояд фаъолияти кормандони дастгоҳи президентиро арзёбӣ ва аз аттестатсия гузаронад. Ҳамчунин, бояд кадрҳои шоистаро барои идомаи фаъолият интихоб намояд.

Мушовирони президент ва роҳбарони бахшҳои сохтории дастгоҳ вазифадоранд, ки дар фурсати даҳ рӯз пешниҳодҳои рушдро таҳия ва ба баррасии ӯ пешниҳод намоянд.

Ёдовар мешавем, ки ахиран сохтори навшудаи Дастгоҳи президенти Ӯзбекистон бо 5 муовини роҳбар муаррифӣ шуд, ки ҳар кадом масъули пешбурди лоиҳаҳо дар бахшҳои маориф, соҳибкорӣ, тандурустӣ, манобеи об ва низоми додгоҳӣ мебошанд.

Саида Мирзиёева, духтари бузурги президенти феълии Ӯзбекистон аст ва то ҳол ба чанд вазифаи давлатӣ, аз ҷумла ҳамчун ёвари президенти кишвар, фаъолият кардааст. Идомаи болоравии сиёсии ӯ баҳсҳои зиёд дар ҷомеаи Ӯзбекистон ва берун аз онро барангехтааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.