Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Исроил хатарноктарин таҳдид ба сулҳ ва амнияти минтақа аст
Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамлаҳои ахири низомии Исроил ба қаламрави Сурияро шадидан маҳкум намуда, онро “нақзи ошкорои ҳуқуқи байналмилалӣ” ва “таҳдиди хатарнок ба сулҳи минтақа” номид.
Амир Сайид Ировонӣ, намояндаи доимии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид зимни суханронӣ дар ҷаласаи изтирории Шурои амният гуфт, ки ин ҳамлаҳо нишонаи авҷи “таҷовузгарии мунтазам” –и Исроил аст. Ба гуфтаи ӯ, “режими ишғолгар ҳанӯз қисматҳое аз қаламрави Сурия, аз ҷумла минтақаи Ҷулонро ғайриқонунӣ таҳти назорат қарор додааст”.
Ӯ бо ишора ба идомаи биносозиҳои Исроил дар заминҳои ишғолшудаи Сурия гуфт, чунин амалҳо бо чандин қатъномаҳои Шурои амният ва хусусан бо харитаи Созмони Милал дар зиддият қарор доранд.
Намояндаи Эрон таъкид кард, ки беамалии Шурои амният дар баробари ин амалҳои Исроил ба “масуният ва беҷазо мондани муқаррарии он” сабаб шудааст. Ӯ афзуд, ки ин ҳамлаҳои ахир на фақат Сурия, балки зерсохторҳои ғайринизомии Эронро низ ҳадаф қарор додаанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни ҳамлаҳои ахири Исроил ба Ҷумҳурии Исломии Эрон беш аз 1100 ғайринизомӣ, аз ҷумла 41 кӯдак ва 126 зан кушта шуданд. Беш аз 3500 манзил, 7 беморхона ва 11 мошини ёрии таъҷилӣ пурра тахриб шудаанд.
Амир Сайид Ировонӣ режими Исроилро “хатарноктарин таҳдид ба сулҳ ва амнияти минтақа” арзёбӣ карда, ҳимояти доимии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва бархе кишварҳои ғарбиро аз ин режим танқид кард. Ӯ хостори вокуниши ҷиддии Шурои амният барои “поён додан ба масуният ва посухгӯ кардани Исроил” шуд.
Намояндаи Эрон афзуд, ки Теҳрон аз “ҳокимияти миллӣ, ваҳдати арзӣ ва тамомияти марзии Ҷумҳурии Арабии Сурия” қотеъона ҳимоят мекунад ва даъват кард, ки ҳама ихтилофҳои дохилии Сурия бо роҳи муколамаи фарогир ҳал шавад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”