27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
18.07.2025 10:41

Бо номи мустаъор саҳифа накушоед. Масъули саҳифаи “zevarzoda_fors” боздошт шуд

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ҷавондухтаре хабар дод, ки дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм барои ба даст овардани маблағ ба паст задани шаъну шарафи корбарони фазои маҷозӣ машғул буд.

Манбаъ меафзояд, ки Каримиён Маҳинбону, масъули саҳифаи “zevarzoda_fors” дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” бо мақсади зиёд намудани шумораи обуначиён ва бо ин роҳ ба даст овардани маблағ, наворҳои таҳқиркунандаи шаъну эътибори санъаткорон, фаъолони ҷомеа ва дигар шаҳрвандони касбу кори гуногунро дар саҳифаи худ бознашр мекард.

Саҳифаи “zevarzoda_fors” дар ҳоли ҳозир 652 ҳазор обуначӣ дошта, асосан, ба нашри наворҳои кӯтоҳ машғул аст. Ҳеҷ наворе аз худи муаллиф нест, балки ӯ дилхоҳ наворро гирифта, дар саҳифааш бознашр мекард, то ки сафи обуначиёнаш афзояд.

Гуфта мешавад, ки аз ҷониби кормандони милитсия бо Каримиён М. корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Ҳамчунин, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки ҳар нафаре бо номҳои мустаъор саҳифа таъсис дода, ба нашри наворҳои таҳқиркунандаи обру ва эътибори дигарон машғул мегардад, фаъолияти минбаъдаи саҳифаи ӯ манъ карда шуда, ҳамзамон, дар доираи қонун ба ҷавабгарӣ кашида мешавад.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.