Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Гулмурод Ҳалимов ба вилояти Тахори Афғонистон интиқол ёфтааст
Расонаҳои афғонистонӣ хабар доданд, ки Гулмурод Ҳалимов, вазири ҷанги гурӯҳи террористии ДОИШ аз вилояти Кунари Афғонистон ба вилояти Тахори Афғонистон интиқол ёфтааст.
Тибқи иттилои хабаргузории “Пойгоҳ” –и Афғонистон Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи аршади ДОИШ, ки аз Тоҷикистон аст, ахиран ба вилояти Тахор дар шимоли Афғонистон интиқол ёфтааст.
Интиқол ёфтани Гулмурод Ҳалимов аз вилояти Кунар ба вилояти Тахори Афғонистон боиси нигаронӣ ва афзоиши таҳдидҳои амниятӣ дар марз бо кишварҳои Осиёи Марказӣ шудааст.
"Гулмурод Ҳалимов, ки бештар дар вилояти Кунар фаъолият дошт, ба ҳайси Вазири ҷанги ДОИШ шинохта мешавад ва масъулияти амалиёти шохаи Хуросони ДОИШ дар Осиёи Марказӣ ва Русияро бар уҳда дорад” – навиштааст хабаргузории Пойгоҳи Афғонистон.
Гулмурод Ҳалимов, ки қаблан дар артиши Тоҷикистон хизмат мекард, ба Сурия рафта, дар амалиётҳои террористии Доиш дар ин кишвар ширкат кард. Чанд маротиба хабари марг ва захмӣ шудани ӯ дар расонаҳои байналмилалӣ нашр шуда буд. Ҳоло бар асоси иттилои расонаҳои Афғонистон ӯ ба Афғонистон интиқол ёфта, гуруҳи террористии шохаи Хуросони Доиш-ро роҳбарӣ мекунад.
Бар асоси арзёбиҳои созмонҳои амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия баъди ба сари қудрат омадани гуруҳи террористии Толибон фаъолияти гуруҳҳои террористӣ дар қисмати шимоли Афғонистон афзоиш ёфтааст. Ин масъала нишон медиҳад, ки гурӯҳи террористии Толибон бар хилофи интизориҳои бархе кишварҳо дар саркуби гурӯҳҳои террористӣ, бахусус гурӯҳи террористии ДОИШ нотавон аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”