Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Шартномаи нав ва рақами ифтихорӣ. Давоми роҳи Ламин Ямал дар “Барселона”
Пас аз он ки футболбози испанӣ Ламин Ямал ба синни 18-солагӣ расид, бошгоҳи “Барселона” бо ӯ шартномаи нав баст, ки то соли 2031 амал мекунад.
Ламин Ямал, аз ҷумлаи дурухшонтарин футболбозони ду соли охир аст. Ҳамчунин, ӯ дар ҳоли ҳозир ӯ гаронарзиштарин футболбози сайёра – 200 миллион евро арзиш дорад.
Номбурда, дар баробари шартномаи нав бастан бо дастаи “Барселона”, ҳамчунин, дар мавсими оянда бо пироҳани рақами 10, ки дар бошгоҳи мазкур ифтихорист, ба майдон мебарояд.
Гуфтан мумкин аст, ки Ламин Ямал аз моҳи апрели соли 2023 дар ҳайати асосии “Барселона” бозӣ мекунад. Дар ин муддат бо рақамҳои 41, 27 ва 19 бозӣ кардааст.
Корномаи футболбози испанӣ хеле дурахшон аст. Дар мавсими гузашта 55 бозӣ гузаронида, дар ҳисоби худ 18 гол ва 25 паси головар дорад.
Инчунин, гуфта мешавад, ки Ламин Ямал яке аз довталабони асосӣ барои ба даст овардани ҷоизаи инфиродии “Тӯби тиллоӣ” аст.
DDialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”