Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Суғд: Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар шашмоҳаи аввал назаррасанд
Суғд хабар медиҳад, доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2025 ҷаласаи фаъолон доир гардид.
Манбаъ меафзояд, ки дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 18,1 млрд. сомонӣ расида, суръати афзоиш 132,8 фоизро ташкил додааст. Дар соҳаи кишоварзӣ бошад, ба маблағи 6,1 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, суръати афзоиш 110,5 фоиз таъмин гардидааст.
Дар ҷаласа зикр шудааст, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-июни соли 2025 ба 2 млрд. доллар расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 135,9 фоиз таъмин шудааст.
Ҳаҷми воридот 1,3 млрд долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 222,2 млн. доллар ё 21,1 фоиз афзудааст. Содироти маҳсулот аз вилоят бошад, дар ин давра 307,1 млн. доллар ё 73,1 фоиз афзуда, ба 727,2 млн. доллар баробар шудааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки нақшаи даромади буҷет 107,5 фоиз таъмин гардида, 3,1 млрд. сомонӣ ба буҷет ворид гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”