27 Сентябр 2026,
якшанбе, 22:02, Душанбе
17.07.2025 13:41

Хоманаӣ: "Эрон аз Амрико наметарсад ва онро ба тарс водор кардааст"

Оятуллоҳ Хоманаӣ, роҳбари олии Эрон дар мулоқот бо раиси Суди олии Эрон ва масъулони аршади низоми судии ин кишвар доир ба ҷанги таҳмилии ахир ва ноком шудани ҳисобу нақшаҳои таҷовузкорон ба ваҳдати бузурги миллати Эрон ишора намуда, таъкид кард, ки вазифаи ҳамаи афрод ҳифзи ваҳдати миллӣ аст.

Роҳбари олии Эрон таъкид кард, ки амали бузурги мардум дар ҷанги 12-рӯза натиҷаи азму ирода ва эътимод ба нафси миллӣ буд, зеро ҳузури руҳия ва омодагии муқовимат бо қудрате, ба мисли Амрико ва саги занҷирбанди он, режим саҳюнистӣ – Исроил, бисёр арзишманд аст. Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба хотироти нашршудаи масъулони давраи подшоҳии Паҳлавӣ, ки ҳатто дар маҳфилҳои хусусӣ ҷуръати эътироз ба Амрикоро надоштанд, гуфт, имрӯз Эрон ба ҷое расидааст, ки на фақат аз Амрико наметарсад, балки Амрикоро ба тарс водор кардааст. Ба гуфтаи роҳбари Эрон, ин руҳия ва иродаи миллӣ ҳамон чизест, ки Эронро сарбаланд месозад ва ба ормонҳои бузургаш мерасонад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид ба ин ки дӯсту душман бояд бидонанд, ки миллати Эрон дар ҳич арсае ба сифати ҷониби заиф ҳозир намешавад, афзуд: "Мо бо ҳамаи абзори зарурӣ, ба монанди мантиқ ва неруи низомӣ муҷаҳҳазем. Бинобар ин, чӣ дар майдони дипломатия ва чӣ дар майдони низомӣ ҳар гоҳ ворид шавем, ба инояти Худо бо дасти пур ворид хоҳем шуд".

Бо вуҷуди он ки режими саҳюнистиро саратон ва Амрикоро ба хотири ҳимоят аз он ҷинояткор медонем, аммо ба истиқбол ва пешвози ҷанг нарафтем, гарчи ҳар гоҳ душман ҳамла кард, посухи мо кӯбанда ва муҳкам буд”- таъкид намуд Оятуллоҳ Хоманаӣ.

Роҳбари олии Эрон далели аслии ниёзмандии режими Исроил ба Амрикоро нотавонии он донист ва гуфт, ки агар режими саҳюнистӣ қудрати дифоъ дошт, водор намешуд ба Амрико паноҳ барад.

Роҳбари Эрон посухи ҷавобии Эрон ба ҳамлаи Амрикоро бисёр “зарбаи ҳассос” номида, илова кард, марказе, ки Эрон мавриди ҳадаф қарор дод, маркази фавқулода ҳассоси Амрико дар минтақа буд ва агар сензураи хабарӣ бардошта шаванд, маълум хоҳад шуд, ки Эрон чӣ зарбаи бузург ворид кардааст. Ӯ таъкид кард, албатта метавон зарбаи бузургтаре низ ворид кард.

Оятуллоҳ Хоманаӣ зуҳури амри миллӣ дар ҷанги охирро бисёр муҳим ва сарчашмаи иҷрои нақшаи душман донист ва илова намуд, нақшаи таҷовузгарон ин буд, ки бо ҳамла ба шахсиятҳо ва марказҳои муҳим низомро заиф созанд ва сипас, бо фаъолсозии омилони дохилӣ, аз мунофиқону ҷонибдорони подшоҳӣ то авбошон мардумро ба шуриш барангезанд ва низомро суқут диҳанд.

"Дар асл комилан баръакси нақшаи душман рӯй дод. Ин нишон дод, ки бисёре аз ҳисобу китобҳо ва тахминҳои баъзе афрод дар масъалаҳои сиёсӣ нодуруст буданд. Худо нақшаи душманро ботил кард ва мардумро ба ҳимоят аз низом вориди майдон намуд. Мардум ба зидди фикри душман, ҳам ҷонан ва ҳам молан аз низом ҳимоят карданд” – таъкид намуд Оятуллоҳ Хоманаӣ.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.