Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ифтитоҳи 84 корхонаи нав дар вилояти Суғд. 536 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шашмоҳаи аввали соли 2025 84 корхонаи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд. Бар асоси иттилои мақомоти вилояти Суғд, бо фаъол гардидани ин корхона 536 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст.
Ин иттилоъ, дар ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи аввал пешниҳод гардид. Тибқи гуфтаи масъулин дар доираи омодагӣ ба ҷашни Истиқлол дар вилоят бунёди беш аз 12 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 90 фоизи он амалӣ гардида, бунёди дигар корхонаҳо идома дорад.
Соҳаи маориф низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта, дар вилояти Суғд 287 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии беш аз 48 ҳазор кӯдак ва 962 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 578 ҳазор хонанда фаъолият доранд. Шумораи умумии омӯзгорон дар вилоят ба 37 ҳазору 610 нафар мерасад.
Бо вуҷуди пешравиҳо масъулон таъкид намуданд, ки имконоти мавҷуда дар баъзе аз бахшҳо то ҳол пурра ва самаранок истифода нашудаанд. Аз ин рӯ, роҳбарони сохторҳо вазифадор гардидаанд, ки дар семоҳаи оянда аз ҳамаи захираҳо истифода бурда, барои беҳбуд бахшидани нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ чораҳои иловагӣ андешанд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”