Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Исроил Ситоди артиши Сурияро бомбаборон кард
Шаби гузашта Неруҳои ҳавоии Исроил яксилсила зарбаҳои ҳавоиро бо мақсадҳои мухталиф дар қаламрави Сурия, аз ҷумла ба бинои Ситоди генералии артиши Сурия дар маркази шаҳри Димишқ анҷом доданд. Тибқи иттилои расонаҳои исроиливу суриягӣ лаҳзаи як таркиш дар пахши мустақими телевизиони давлатии Сурия сабт шудааст. Таркиши шадид дар маркази пойтахти Сурия дар навор дида мешавад.
Тибқи иттилои сухангӯи Артиши дифои Исроил ин амалиёт ҳамчун ҷавоб ба ҳамлаҳои неруҳои ҳукумати Сурия ба ақалияти дурузӣ, ки дар ҷануби кишвар зиндагӣ доранд ва ба гуфтаи Тел-Авив ҷонибдори Исроил мебошанд, анҷом шудааст.
Дар изҳороти расмии Вазорати дифои Исроил таъкид шудааст, ки неруҳои Исроил ба “якчанд рӯзи амалиёти ҷангӣ” бар зидди артиши Сурия омодагӣ мебинанд. Бинямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил дар паёми телевизионӣ ба мардуми кишвараш гуфт, ки “амалиёти муҳофизати ақаллияти дурузӣ дар ҷануби Сурия” оғоз шуд. Ӯ афзуд: “Мо бародарони дурузии худро наҷот медиҳем ва гурӯҳҳои режими хуношоми Сурияро маҳв хоҳем кард”.
Бар асоси иттилои расонаҳо, неруҳои Исроил ба самти шаҳри Сувейда, минтақаи наздимарзӣ бо Исроил, интиқол дода мешаванд. Гуфта мешавад, дар ин минтақаи ҷанубии Сурия, ки то 10 фоизи қаламравро дар бар мегирад, сокинони маҳаллӣ аз ҳоло парчами Исроилро боло кардаанд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”