Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Тоҷикистон бо Русия масъалаи ҳамкорӣ дар бахши нефту газро баррасӣ намуд
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи сешанбе дар мулоқот бо директори генералии ширкати “Газпромнефт- Ноябрскнефтегаз” –и Федератсияи Русия Иван Пётров дар шаҳри Душанбе роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи нафту газ баррасӣ кард.
Ин Вазорат иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо дурнамои ҳамкории миёни ширкати русии “Газпромнефт-Ноябрскнефтегаз” ва ширкати ватании “Петролеум Суғд” –ро муҳокима намуданд. Гуфтугӯҳо асосан ба таҳияи механизмҳои судманди шарикӣ ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои соҳавӣ тамаркуз доштанд.
Вазири тоҷик афзуд, ки ҳар гуна ҳамкории минбаъда бояд бо риояи қонунгузории ҷорӣ ва бо назардошти манфиатҳои стратегии ҳар ду кишвар амалӣ гардад. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон омодааст, ки барои густариш ва тақвияти ҳамкориҳо заминаҳои ҳуқуқиву иқтисодӣ шароити муносиб фароҳам оварад.
Иван Пётров низ аз омодагии ширкати русӣ барои вусъат бахшидан ба ҳамкории энергетикӣ бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард. Ӯ гуфт, ки “Газпромнефт-Ноябрскнефтегаз” манфиатдор аст, дар ташаккули бозори муштараки энергетикӣ ва таҳқиқи имконоти захираҳои тозаи нафту газ дар Тоҷикистон саҳм гирад.
Ду ҷониб ба созиш расиданд, ки дар ояндаи наздик гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шавад, то роҳҳои амалӣ кардани лоиҳаҳо дар бахши нафту газ таҳия ва мавриди баррасӣ қарор гирад.
Ин дидор дар ҳолест, ки Тоҷикистон солҳои ахир талош дорад, ба воситаи ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва шурои шарикӣ бо ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ, соҳаи энергетикии кишварро рушд диҳад ва диверсификатсия намояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”