Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дарёфти хонандагони лаёқатманд ва бозомӯзии омӯзгорон - дастури Рустами Эмомалӣ
Бо роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор шуд.
Тавре ки аз шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳанд, дар иҷлосия муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баррасӣ гардид, ҷараёни амалишавии «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025» буд, ки вобаста ба ин масъала ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе ироа гардид.
Зикр мегардад, ки Рустами Эмомалӣ дар ин робита ба масъулин дастур доданд, ки ҷиҳати дарёфти хонандагони лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои махсусгардонидашуда корбарӣ намуда, барои ба бозомӯзӣ фаро гирифтани омӯзгорон ва истифодаи таҷрибаи давлатҳои пешрафта тамоми чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намоянд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”