Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Дастин Поре сабаби аз варзиш рафтанашро гуфт
Дастин Поре, собиқ чемпиони муваққатии UFC дар вазни сабук, ки рӯзи 19-уми июл охирин муҳорибаашро дар ташкилоти мазкур мегузаронад, дар мусоҳибае сабаби аз варзиш рафтанашро шарҳ дод.
"Ҳоло ман дар беҳтарин ҳолати варзишӣ қарор дорам ва барои муҳорибаи охиринам омода шуда истодаам. Аммо тасмими хотима додани корномаи варзишиамро дигар накардаам, аз варзиш меравам. Сабаби асосӣ он аст, ки UFC ба ман се маротиба имкон дод, ки барои камарбанди чемпионӣ рақобат кунам, вале ба ҷуз камарбанди муваққатӣ чизе ба даст оварда натавонистам. Ҳоло бошад, дигар умед надорам, ки боз бароям шонс медиҳанд. Барои ҳамин, ман намехоҳам танҳо барои пул биҷангам. Варзиш ва корномаи хуби варзишӣ бароям муҳимтар аст", - гуфт размкори амрикоӣ.
Дасти Поре аз дурахшонтарин варзишгарони муҳорибаҳои омехта аст, ки солҳои зиёд мешавад дар ташкилоти бонуфузи UFC баромад мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Дастин Поре охирин муҳорибаашро дар мусобиқаи UFC 318 рӯзи 19-уми июли соли ҷорӣ зидди Макс Холлувэй мегузаронад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад