27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:51, Душанбе
14.07.2025 10:08

Шоҳин Муродов: “Дар блогинги тоҷик шахсони ҳирфаӣ кам ҳастанд”

Дуруст аст, ки роҳи расидан ба муваффақият ҳамвор нест ва ҳар кас аз ноҳамвориҳои зиёд мегузарад. Илова бар ин, ҳеч кас пешгӯӣ карда наметавонад, ки дар кадом соҳа муваффақ шуда метавонад, зеро бисёриҳоро медонем, ки дар касбу кори тамоман дигар комёб шудаанд. Яке аз чунин касон ҳамсуҳбати мо Шоҳин Муродов мебошад.

Ӯ зинаи бакалавриятро дар Донишкадаи забонҳои ба номи Сотим Улуғзода ва магистартураро дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бо ихтисоси забоншиноси англисӣ хатм кардааст. Ҳамчунин, соҳаи идоракунии тиҷоратро дар “Mini MBA professional”‑и City Business School дар Русия омӯхтааст, вале имрӯз ҳамчун фуд-блогер фаъолият мекунад ва дар ин соҳа хеле муваффақ аст.

Dialog.tj бо Шоҳин Муродов доир ба махсусияти кори фуд-блогер, ҷиҳатҳои мусбату манфии блогерӣ, фазои блогинг дар кишвар ва ғайрҳо суҳбат кард.

- Шумо маълумоти олӣ доред, чаро аз рӯи ихтисос кор накардед?

- Сабабҳо зиёданд. Аз ҷумла, пас аз хатми донишгоҳ ба Русия рафтам. Он ҷо ҳам таҳсил кардам ва сартарошхонаи худамро фаъол намудам. Аммо бо сабаби сар задани ҷанги Русияву Украина кори сартароширо бас карда, ба ватан баргаштам.

- Чӣ гуна ба ошпазӣ рӯ овардед?

- Фикр мекунам, ҳама ҷавононе, ки аз деҳот ба шаҳр рафта донишҷӯ мешаванд, дар хонаи иҷора ё хобгоҳ ба ҳар навъ кӯшиш мекунанд, ки барои худ хӯрок омода кунанд. Хӯрокпазии ман ҳам аз замони донишҷӯӣ оғоз шуд. Иловатан, кам-кам дар ошхонаву тарабхонаҳо ба ҳайси ёрдамчии ошпаз ва пешхидмат кор мекардам. Ҳамчунин, дар Русия низ муддате ҳамчун ёрдамии ошпаз фаъолият карда будам. Дар умум, ошпазӣ дар аввал бароям шуғл буд ва ҳоло тавре мебинед ба касби асосӣ табдил ёфтааст.

- Аҳли оилаатон ба ошпаз шудани шумо чӣ гуна вокуниш карданд, оё зид набуданд?

- Дар аввал, ки каму беш ба ҳайси ёрдамии ошпаз фаъолият мекардам, чизе намегуфтанд, вале вақте ки ба наворгирӣ машғул шудаму душвориҳои корро модарам диданд, чанд маротиба гуфтанд, ки беҳтараш аз пайи ягон кори дигар шавам. Бо гузашти вақт, аҳли оила назари нек доранд ва аз муваффақиятҳои ночизамон хурсанданд.

- Чӣ гуна тасмим гирифтед, ки бояд фуд-блогер шавед?

- Ростӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои фуд-блогерони хориҷиро хеле зиёд тамошо мекардам ва ҳамин шавқу завқи маро бародарам дида, тавсия доданд, ки вақти хӯрокпазиамро сабт карда, дар Инстаграм гузорам. Ҳамин тавр мо корро шуруъ кардем.

- Ҳоло дар Инстаграм зиёда аз 286 ҳазор обуначӣ доред. Ин миқдорро дар чанд муддат ба ҳунари худ ҷалб кардед?

- Корро дар Инстаграм аз аввали соли 2024 ҷиддӣ оғоз кардам ва шукр дар ин муддати кӯтоҳ ин миқдор мардум ба ман бовар карда, обуна шуданд. Ин пеш аз ҳама масъулият аст бароям.

- Наворҳои шумо хеле аҷибанд. Дар онҳо ба ҷуз хӯрокпазӣ, зебоӣ, табиати дилфиреб, тозагӣ ва ғайраҳоро дидан мумкин аст. Бигӯед, ки дар таҳияи наворҳоятон киҳо ба шумо ёрӣ мерасонанд?

- Барои таҳияи наворҳои ман як кас басанда нест, зеро ҳам кор душвор аст ва ҳам баъзан лаҳзаҳое аст, ки агар дар навор наоянд, маънояшро гум мекунад. Асосан, ба ман бародарам кумак мекунанд. Боз мешавад ҳолате, ки дигар аъзоёни оила ҳамроҳ мешаванд. Агар берун аз хона, дар табиат навор таҳия кунам, рафиқонамро бо худ мегирам. 

- Асосан хӯрокҳои миллӣ омода мекунед. Чӣ гуна тасмим мегиред, ки бояд фалон хӯрокро омода кунед?

- Як дафтар дорам, ки дар он дасурамали омода кардани хӯрокҳои гуногунро қайд мекунам. Пасон, мувофиқи мавсими сол ва обу ҳаво аз он дафтар хӯрокеро интихоб карда, омода мекунам.

- Хӯрокҳое, ки дар наворҳоятон омода мекунед, худатон мехӯред ё ба каси дигар медиҳед?

- Ман ҳамеша кӯшиш мекунам, ки хӯроки зиёд омода кунам, зеро мехоҳам ҳар чи бештар одамон тановул кунанд. Хӯрокҳои омодакардаамро дар баробари аҳли оила, боз ба ҳамсояҳо ва хешу табор тақсим мекунам.

- Дар наворҳоятон бисёртар мебинем, ки ду писарча шуморо ҳамроҳӣ мекунанд. Онҳо кистанд?

- Онҳо якеаш фарзанди худам аст ва дигараш фарзанди бародарам. Медонам, ки ҳузури онҳо дар наворҳоям барои тамошобинон шавқовар аст, вале тавре мебинед дар наворҳои охир кӯшиш мекунем, ки онҳо набошанд, зеро ҳоло хурд ҳастанд ва ташвиш доданашон хуб нест. Бигзорем аз пайи бозиҳои худ бошанд.

- Одатан фуд-блогерон дар наворҳояшон пули зиёд харҷ мекунанд. Чӣ гуна хароҷотатонро мепӯшонед?

- Қисми зиёди наворҳоро бо харҷи худ омода мекунем, аммо ин ҷойи зарар нест, зеро хӯрокҳои омодашуда тановул мешаванд. Ҳамчунин, қисме аз наворҳоямон сарпараст доранд, ки албатта, маҳсулотро таъмин мекунанд.

- Аён аст, ки барои омода кардани як хӯрок хеле вақт меравад. Чун шумо ҳам хӯрок омода мекунед ва ҳам сабт менамоед, чӣ қадар вақтатон сарф мешавад?

- Ба ҳисоби миёна омода кардани як навор аз омода кардани хӯроке як рӯз вақтро мегирад. Аммо ҳолатҳои истисноӣ ҳам ҳастанд. Масалан, бархе хӯрокҳое ҳастанд, ки дар ду рӯз омода мешаванд ва барои он ки мо шакли омодашудаи онро нишон диҳем, маҷбур ҳастем ду рӯз кор кунем.

- Шавқовар аст, ки бидонем хӯроки дӯстдоштаи як ошпаз чист?

- Хӯрокҳои дӯстдоштаам фатиршӯрбо ва шакароб бо фатири кураку занҷабили тез мебошанд.

- Медонем, ки аз таҳияи наворҳоятон бонувони зиёд доир ба ин ё он навъи хӯрок маълумот мегиранд, оё ният надоред, ки курси омӯзишии худро таъсис диҳед ва ба хоҳишмандон ин ҳунарро омӯзонед?

- Хеле зиёд ба ман муроҷиат мекунанд, ки ба таври муфассал дар доираи семинари омӯзишӣ ё курси алоҳидае ба хоҳишмандон нозукиҳои ин ҳунарро омӯзонам. Ростӣ, чанде пеш кӯшиши ташкили курсеро ҳам кардам, вале чун ҳоло худам дар ҷустуҷӯ ҳастам ва пайваста барои такмил додани ҳунарам кӯшиш мекунам, то ҳол вақти холӣ наёфтам, ки аз пайи ин кор шавам. Мефаҳмам, ки бонувон барои як дастурамали хубро пайдо кардан чандин сомонаҳову наворҳоро мебинанд, зеро ошпазҳо бо усулҳои гуногун омода мекунанд ва то ёфтани тарзи беҳтару хубтар одам хеле ташвиш мекашад. Мо бошем, як хӯрокро бо чанд дастурамал омода мекунем ва дар охир тарзи беҳтарашро қайд карда мегирем. Хулоса, дар оянда кӯшиш мекунем, ки барои хоҳишмандон курси омӯзишие ташкил кунем.

- Шумо соли 2024 “Блогери сол” шудед. Оё бовар доштед, ки танҳо бо як соли фаъолият дар соҳаи блогинг ба ин муваффақият мерасед?

- Албатта, бовар надоштам. Рости гап, ман кӯшиш кардам, ки ҳадди ақал дар сегонаи беҳтарин ҷой гирам, вале чун ҷойи якумро ба ман лоиқ донистанд, хеле хушҳол шудам. Барои ман муваффақияти бузург аст ва дар оянда низ кӯшиш мекунам, ки ба пеш ҳаракат кунам ва ба ҷомеаву мардум хизмат кунам.

- Дар сегменти тоҷикии Инстаграм фуд-блогерон хеле зиёд шуда истодаанд. Ба фикри шумо чаро бисёриҳо ин самтро пеша карда истодаанд?

- Сабабҳо зиёданд. Масалан, фуд-блогер ба “хайп”-у рекламаҳои сиёҳу ҷанҷолҳо ҳамроҳ намешавад. Ба касе кор надорад ва касе ҳам ба ӯ кор дошта наметавонад, балки кори худашро мекунад ва кӯшиш мекунад, ки тарзи омода кардани як хӯрокро ба мардум фаҳмонад. Сабаби дигар ин аст, ки дар ин формат наворҳоро на танҳо тоҷикон, балки хориҷиҳо низ тамошо мекунанд ва барояшон шавқовар аст. Барои мисол, бархе наворҳои ман зиёда аз 10 миллион тамошобин доранд, ки албатта дар миёни онҳо хориҷиҳо низ ҳастанд.

- Ба фикри шумо ҳоло блогинги тоҷик дар кадом ҳолат қарор дорад?

- Мутаассифона, мо шоҳид мешавам, ки ҳаррӯз аз ҷониби мақомоти интизомӣ як касро бо айби бадахлоқӣ ва бадгуфторӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастгир карда ҷазо медиҳанд ва бадбахтона онҳо номи блогерон ва блогингро паст мекунанд. Дар блогинги тоҷик шахсони ҳирфаӣ кам ҳастанд. Аслан, блогер касе бошад шавад, ки мутахассиси ягон соҳа бошад ва ба воситаи блогаш ба мардум нафъ расонад.

- Агар аз дастатон меомад, ки як мушкили блогингро дар Тоҷикистон ҳал мекардед, он кадом мебуд?

- Агар аз дастам меомад, дар сегменти тоҷикии интернет “конкурс” карданро қатъиян манъ мекардам. Ин бисёр бад аст, ки мардум ба инҳо бовар мекунанд ва ба умед мешаванд, ки рӯзе чизе бурд мекунанд.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.