Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Имсол 73 хонанда бо медали тиллову нуқра мактабро хатм карданд
Дирӯз, 13-уми июл маросими ҷоизасупории Озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра баргузор гардид.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад, дар натиҷаи ҷамъбасти озмун аз миёни 120 довталаб, 73 нафар сазовори аттестати аъло бо медали тилло ва нуқра гардиданд, аз ҷумла: 10 нафар сазовори аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло, 39 нафар сазовори аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали тилло, 2 нафар сазовори аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали нуқра, 19 нафар сазовори аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло ва 3 нафар сазовори аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали нуқра.
Ҳамчунин, ба ғолибон «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм супорида шуд.
Зикр мегардад, ки дар ҷараёни маросим вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода таъкид кард, баргузории чунин озмунҳо самараи сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамеша ба рушди соҳаи маориф, боло бурдани сифати таҳсилот ва фароҳам овардани шароити замонавӣ барои хонандагону донишҷӯён аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”