27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.
Манбаъ меафзояд, ки 12-уми июл зимни иҷлоси 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж дар ин бора қарори дахлдор қабул гардид.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим 5-умин мавзеи Тоҷикистон ҳамчун мероси ҷаҳонӣ муаррифӣ шудааст.
“Номинаи мазкур 11 ёдгориҳои бостоншиносӣ ва меъмории воқеъ дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлонро дар бар мегирад: Дайри Буддоии Аҷинатеппа, Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратепа, Қалъаи Золи Зард, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), Шаҳристони Золи Зар, Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа ва Дайри Буддоии Хишттеппа”, - омадааст дар хабарномаи Вазорат.
Бинобар гузориши ЮНЕСКО, ин ёдгориҳо фарҳанги гуногунҷанбаи Хуттали қадим, як давлати мустақили асримиёнагиро нишон медиҳанд, ки аз асрҳои VII то XVI-и мелодӣ дар қаламрави вилояти Хатлон шукуфоӣ доштаанд. Ин давлат ҳамчун маркази фаъоли истеҳсолии Роҳи бузурги Абрешим ба мубодилаи арзишҳои фарҳангии минтақавӣ низ таъсири калон расонидааст.
Гуфта мешавад, ки пешбарии номинаи “Хуттали қадим” аз соли 2023 инҷониб бо талошҳои муштараки мутахассисони Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон амалӣ шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”