Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо кай оғоз мегарданд?
Бинобар иттилои АМИТ “Ховар” аз 21-уми июл то 8-уми август нишастҳои матбуотии вазорату корхонаҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли равон доир мегарданд.
Гуфта мешавад, ки масъулини вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар муддати болозикр оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияташон дар соли 2025 ба намояндагони ВАО ҳисобот медиҳанд.
Зикр мегардад, ки нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд.
Одатан намояндагони воситаҳои ахбори омма зимни нишастҳои матбуотӣ аз масъулин доир ба фаъолияти шашмоҳаашон пурсон шуда, ба саволҳои худ посух мегиранд.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки замон ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ як рӯз пеш дар сомонаи расмии АМИТ “Ховар” нашр мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”