Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ироқчӣ: “Агар Амрико кафолат диҳад, ки ба Эрон ҳамла намешавад, ба музокира бармегардем”
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Ле Монд” –и Фаронса гуфт, ки Эрон ҳамеша ба музокирот бар асоси иззат, мантиқ ва эҳтироми мутақобил пойбанд буда. Ӯ дар ин хусус афзуд, ки ҳамеша миёни Эрон ва кишварҳои дигар тамосҳои дипломатӣ ҷараён дорад.
Ба гуфтаи Ироқчӣ ҳамлаи Амрико ба марказҳои атомии Эрон, ки зери назорати Агентии байналмилалии энергияи атомӣ қарор доштанд, зарари ҷиддӣ ворид намудааст. Ӯ гуфт, ки Эрон дар ҳоли арзёбии хисороти воридшуда аст ва “ҳақ дорад барои он ҷуброн талаб намояд”.
Ироқчӣ таъкид кард, ки иддаои он ки Барномаи атомии Эрон аз миён рафтааст ва мардум бояд аз он даст кашанд, як иштибоҳи ҷиддии стратегӣ аст. Барномаи атомӣ на фақат таҷҳизот, балки ифодаи иродаи миллатест, ки ба авҷи донишу технология даст ёфтааст ва ин ирода нестшаванда аст. Ӯ гуфт, ки гузоришҳои Агентӣ пайваста нишон медиҳанд, ки дар Барномаи атомии Эрон ҳич як гӯшае аз фаъолиятҳои низомӣ дида намешавад.
Вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт, чизи ҷуброннопазир зарба ба низоми манъи густариши силоҳи атомӣ аст. Ӯ мегӯяд, ки ҳамла ба муассисаҳои таҳти назорати Агентӣ ва сукуту бетафовутии кишварҳои аврупоӣ дар баробари он, ҳамла ба қонунҳои байналмилалӣ ва сохтори NPT мебошад. Ӯ афзуд, ки Эрон аз соли 2003 кӯшиш мекард, бо ҳамкории қонунии кишварҳои атомӣ барномаи худро ба таври ошкор ва мутобиқ ба қонунҳои байналмилалӣ пеш барад, аммо таҳримҳо ва амалҳои зиддунақизи шарикон ин равандро душвор карданд.
Сайид Аббос Ироқчӣ гуфт, ки Эрон ҳамеша омодаи музокироти боэътидол буд, аммо Амрико аз созишномаи Барномаи иқдоми ҷомеъи муштарак хориҷ шуд, баъд ба осмон ва муассисаҳои атомии зери назорати агентӣ ҳамла кард, ки ин метавонист фоҷеаи экологӣ ва башариро ба бор оварад. Ӯ гуфт, ки дипломатия бояд дуҷониба бошад, агар Амрико воқеан баргардад, аввал бояд масъулияти хатогиҳои гузаштаро бар дӯш гирад ва кафолат диҳад, ки чунин таҷовузи низомӣ дар миёни музокирот такрор намешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”