Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Эмомалӣ Раҳмон оғози сохтмони корхонаи сурмаи Айниро расман эълон намуданд
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари расмӣ ба ноҳияи Айнӣ ба таври маҷозӣ оғози сохтмони корхонаи истихроҷи сурмаи ҶСК “Паҳандра Майнинг”-ро эълон карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Бар асоси иттилоъ, корхонаи мазкур дар доираи ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат бунёд мешавад ва марҳилаи муҳимми рушди соҳаи маъдан ва иқтисоди маҳал ба шумор меравад.
Дар ҷараёни муаррифии лоиҳа таъкид шуд, ки корҳои ҷустуҷӯӣ ва геологӣ дар масоҳати беш аз 600 гектар дар давоми чор сол идома дошт ва зиёда аз 20 ҳазор метр пармакунӣ дар он анҷом дода шудааст.
“Корхона як маҷмааи муосири саноатӣ хоҳад буд, ки аз қисмҳои мухталиф – коргоҳи ғанигардонии маъдан, истеҳсоли сурма, озмоишгоҳ, бунёди иншооти зерсохторӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла хобгоҳ ва ошхона барои 300 нафар иборат мебошад. Сохтмон таҳти назорати мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ ҷараён дорад” – хабар дод дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.
Бар асоси иттилоъ, иқтидори солонаи истеҳсоли корхона 150 ҳазор тонна маъдан ва 50 ҳазор тонна консентрати сурма пешбинӣ шудааст. Дар натиҷаи коркарди ниҳоӣ то 5 ҳазор тонна маҳсулоти тайёр ба даст хоҳад омад.
Иттилоъ дода мешавад, ки бар асоси нақша фаъолияти истеҳсолӣ аз соли 2027 оғоз мешавад. Баъди оғоз шудани фаъолияти истеҳсолӣ дар маҷмуъ 400 ҷойи кори нав таъсис хоҳад ёфт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”