Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ӯзбекистон гузориши СММ дар бораи Гулнора Каримоваро беасос номид
Ҳукумати Ӯзбекистон ба изҳороти ахири Гурӯҳи кории Шурои ҳуқуқи башари СММ оид ба боздоштҳои худсарона, ки дар он масъалаи боздошти духтари президенти пешин Ислом Каримов — Гулнора Каримова баррасӣ шуда буд, вокуниш нишон дод.
Дар изҳороти расмии ҳукумати Ӯзбекистон гуфта мешавад, ки назари гурӯҳи кории СММ “якҷониба” ва “субъективӣ” буда, фақат ба иттилооти як манбаъ такя кардааст ва посухи расмии ҳукумати Ӯзбекистонро ба ин масъала нодида гирифтааст.
“Назари гурӯҳи корӣ ба маълумоти якҷониба ва субъективие асос ёфтааст, ки аз ҷониби як манбаъ пешниҳод гардидааст. Ҳукумати Ӯзбекистон ба ин масъала посухи расмӣ додааст, аммо бинобар муҳлатҳои расмии мурофиавӣ он ба назар гирифта нашудааст”- гуфта мешавад дар изҳорот.
Ҳукумати Ӯзбекистон таъкид кардааст, ки ин гуна усул ба принсипҳои беғаразӣ ва объективият, ки мақомоти Созмони Милали Муттаҳид бояд риоя кунанд, хилоф аст.
Гулнора Каримова, ки замоне шахсияти маъруфи сиёсӣ ва соҳибкорӣ дар Ӯзбекистон маҳсуб мешуд, дар чанд парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла барои саркашӣ аз пардохти андоз, пулшӯӣ, қаллобӣ ва азхудкунии ғайриқонунии маблағҳо гунаҳкор дониста шудааст.
Ӯ аз соли 2024 боздошт шудааст ва феълан дар зиндони наздик ба шаҳри Тошканд муҳлати ҷазои худро мегузаронад. Гулнора Каримова ба чанд парвандаи фасод дар ҳаҷми бузург, ки вобаста ба давраи зинда будани падараш аст, муттаҳам мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”