Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Пизишкиён ба Шурои Аврупо ҳушдор дод: “Ҳамла ба Эрон бо посухи “қатъӣ ва пушаймонкунанда” рӯ ба рӯ хоҳад шуд”
Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷараёни тамоси телефонӣ бо Антониу Кошта, раиси Шурои Аврупо дар хусуси вазъияти байналмилалӣ ва робитаҳои миёни Эрону Иттиҳоди Аврупо гуфтугӯ кард. Ӯ таъкид кард, ки такрори ҳар гуна таҷовуз бар зидди Эрон бо посухи “қатъӣ ва пушаймонкунанда” рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Ин гуфтугӯ доир ба Ҷанги 12-рӯзаи ахир ва ташдиди танишҳо дар минтақаро дар бар гирифт. Масъуд Пизишкиён бо ишора ба таърихи ҳамкориҳои густурда ва асосёфтаи Эрон бо Агентии байналмилалии атомӣ (МАГАТЭ) таъкид намуд, ки идомаи ин ҳамкориҳо вобаста ба ислоҳи рафторҳои дугона нисбат ба парвандаи атомии Эрон хоҳад буд.
Президенти Эрон бо баёни мавқеи устувори Ҷумҳурии Исломӣ дар роҳи муколама ва ҳамкории созанда бо ҷомеаи байналмилалӣ, ба таърихи музокироти атомӣ ишора карда, изҳор дошт, ки Эрон дар вақти ҳадафи ҳамла қарор гирифтанаш дар раванди гуфтугӯ қарор дошт ва маҳз пас аз вокуниши сахти Эрон буд, ки кишварҳои таҳримгар хостори оташбас шуданд.
Масъуд Пизишкиён дар идома таъкид кард, ки режими саҳюнистӣ наметавонист бидуни мувофиқаи Иёлоти Муттаҳида даст ба чунин ҳамла занад ва илова кард, ки режими Тел-Авив бо амалиётҳои худ субот ва амнияти ҷаҳониро халалдор месозад.
Дар посух ба нигарониҳои раиси Шурои Аврупо вобаста ба қатъи ҳамкорӣ бо МАГАТЭ Пизишкиён таъкид намуд, ки Эрон ба принсипҳои муколама, эҳтироми мутақобил ва ҳуқуқи байналмилалӣ содиқ аст. Қарори ахир, ки аз сӯи Маҷлиси Шурои Исломӣ қабул гардид, ба гуфтаи ӯ, вокунишест ба рафтори ғайримаъқул ва якҷонибаи роҳбарияти агентӣ. Ӯ афзуд, ки чашмпӯшӣ аз ҳамлаҳои ошкор ба инфрасохтори атомии Эрон ва гузоришҳои ҷонибдорона мавқеъ ва эътибори МАГАТЭ –ро зери шубҳа мебарад.
“Ҳузур дар созмонҳои байналмилалӣ бояд баробарӣ дар истифода аз ҳуқуқу имкониятҳоро таъмин кунад, вагарна чунин узвият маънӣ нахоҳад дошт” – илова кард Масъуд Пизишкиён.
Президенти Эрон бо сипосгузорӣ аз талошҳои Шурои Аврупо дар роҳи тақвияти дипломатия омодагии Эронро барои рушди робитаҳо бо Аврупо ба воситаи гуфтугӯҳои бунёдӣ таъйид кард.
Антониу Кошта, раиси Шурои Аврупо низ дар ин гуфтугӯ ҳимоят аз роҳи дипломатияро таъкид кард ва гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо барои таъриху фарҳанги Эрон эҳтироми амиқ қоил аст ва омодагии комил барои муколама ва ҳамкории боз дорад. Ӯ, ҳамчунин, бо изҳори тасаллият ба қурбониёни ҳамлаҳои ахири режими саҳюнистӣ, аз нақзи ҳуқуқи башар дар Ғазза интиқод кард ва бар зарурати кумакҳои башардӯстона ба мардуми Фаластин таъкид намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”