27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
11.07.2025 10:08

Чор голи беҷавоби “ПСЖ”. Оё “Реал Мадрид” аз ин бозӣ дарс мегирад?

Дар даври нимниҳоии Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо дастаҳои “ПСЖ”-и Фаронса ва “Реал Мадрид” рақобат карданд, ки дар натиҷа дастаи фаронсавӣ ба дарвозаи тими испанӣ чор голи беҷавоб зад.

Дуруст аст, ки пеш аз вохӯрии дастаҳои “ПСЖ” ва “Реал Мадрид” аксари коршиносон ба ғалабаи бошгоҳи фаронсавӣ бовар доштанд, зеро ин мавсим дастаи мазкур дар ҳама мусобиқаҳо хеле хуб ҳунарнамоӣ мекунад ва то имрӯз чор унвони қаҳрамониро соҳиб шуд. Чун бошгоҳи “Реал Мадрид”-ро шоҳона меноманд, боварҳо буданд, ки агар ғалаба насиби “ПСЖ” шавад ҳам, фарқи голҳо ва бозӣ кам хоҳад буд. Вале дар майдон қариб, ки як даста бозӣ мекард, зеро дар 9 дақиқаи аввал “Реал Мадрид” ба дарвозаи худ ду гол сар дод ва рӯҳияи бозингарон шикаста шуд.

Ду голи аввалро футболбозони "ПСЖ" Фабиан Руис (дақиқаи 6-ум) ва Усмон Дембеле (дақиқаи 9-ум) маҳз бо иштибоҳи муҳофизатгарони дастаи шоҳона ба дарвозаи “Реал Мадрид” ворид карданд.

Ҳамчунин, Фабиан Руис дар дақиқаи 24-ум боз гол зад ва ҳамдастаи ӯ Гонсалу Рамуш дар дақиқаи 88-ум тавонист, ки голи чоруми тимашро ба самар расонад.

Ҳамин тавр, футболбозони “Реал Мадрид” муқобили бошгоҳи “ПСЖ” коре карда натавонистанд ва аз ҳаққи идомаи рақобат маҳрум шуданд.

Хаби Алонсо, мураббии “Реал Мадрид” дар нишасти матбуотии пас аз бозӣ иброз дошт, ки бозии мазкур барои онҳо санҷиши калон шуд ва дарк карданд, ки дар куҷо қарор доранду бояд чӣ корҳоро анҷом диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки шоми 13-уми июл дар даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо дастаҳои "ПСЖ" ва “Челси” барои унвони қаҳрамонӣ мубориза хоҳанд бурд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.