Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Муборизаи беамони полис бар зидди фолбину ҷодугарон. 90 нафар ба “панҷаи қонун” супурда шуданд
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тадбирҳои фаъолро барои пешгирии фаъолияти фолбин ва ҷодугарҳо идома медиҳад, то ин навъи фаъолияти ғайриқонунӣ пурра решакан гардад.
Бар асоси иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаш моҳи аввали соли 2025 дар пойтахт 90 ҳолати машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар амалиёти мазкур нисбати 84 нафар, ки ба чунин фаъолият машғул буданд, бар асоси моддаи 482 –и кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, чораҳои зарурии таъсиррасонӣ дар доираи қонунгузорӣ амалӣ шуданд.
Бо вуҷуди огоҳӣ ва гузаронидани рейдҳои мунтазам баъзе шаҳрвандон ҳанӯз ҳам фолбинӣ ва ҷодугариро ба ҳайси василаи даромад истифода мебаранд.
Дар робита ба такрори содир шудани ҳуқуқвайронкунӣ нисбат ба шаш нафар парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 240, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудаанд. Баъд аз анҷоми тафтишот ин шахсон тибқи ҳукми суд ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки аз муроҷиат ба фолбинҳо ва ҷодугарон худдорӣ карда, барои мубориза бо қаллобоне, ки ба хизматрасониҳои аккултӣ машғуланд, бо мақомоти полис ҳамкорӣ кунанд, то ҷомеаро аз фиреб ва ҳуқуқвайронкунӣ ҳифз намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”