Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Чин ва Ӯзбекистон мехоҳанд роҳи оҳани бисёрсамтаи Осиёи Марказиро густариш диҳанд
Вазирони нақлиёти Чин ва Ӯзбекистон дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба ба ҳамкориҳои зерсохторӣ ва густариши лоиҳаҳои роҳи оҳан ва роҳҳои бисёрсамта дар доираи робитаҳои стратегии миёни ду кишвар таъкид намуданд.
Рӯзи чоршанбе Илҳом Маҳкамов, вазири нақлиёти Ӯзбекистон ба шаҳри Пекин сафар карда, бо Лиу Вэй, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуд. Ду ҷониб дар хусуси рушди ҳамкориҳои нақлиётии миёни ду кишвар табодули назар карданд.
Дар ин нишаст ду тараф бо ишора ба пешрафтҳои ахир дар робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва логистикӣ роҳҳои муштарак барои иҷрои лоиҳаҳои бузурги зерсохторӣ ва нақлиётиро баррасӣ карданд. Яке аз муҳимтарин меҳварҳои гуфтугӯ лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон буд, ки ҳамчун як лоиҳаи калидӣ дар рушду пайванди минтақаӣ шинохта мешавад.
Аз дигар мавзуъҳои матраҳшуда дар ин музокирот рушди каридори нақлиётии бисёрсамтаи Чин-Аврупо ва ҳаракат ба самти рақамисозии раванди иҷозатномаи ҳамлу нақли автомобилии байнидавлатӣ буд.
Ҳамзамон Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон низ дар ҳафтумин нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО), ки 4-уми июли соли 2025 дар шаҳри Хонкендии Ҷумҳурии Озарбойҷон доир шуд, аҳамияти стратегии роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистонро ёдовар шуда, онро вокунише ба таҳаввулоти геополитикии ахир ва ихтилоф дар занҷираҳои таъмини ҷаҳонӣ донист.
Интизор меравад, ки роҳи оҳани зикршуда дар оянда ба коридори транзитии Афғонистон пайваст шавад ва нақши муҳим дар ҳампайвастшавии низомҳои нақлиётии минтақавӣ бозӣ кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”