27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
10.07.2025 15:34

Тим Бурчет: “Амрико дар ҳар ҳафта ба Толибон 20 миллион доллар пул мефиристад”

Дар идомаи интиқодҳо аз сиёсатҳои Иёлоти Муттаҳида дар қиболи Афғонистон Тим Бурчет, намояндаи Ҷумҳурихоҳони Конгресси Амрико аз кумакҳои молии доимии Вашингтон ба гурӯҳи террористии Толибон парда бардошт. Ӯ эълон кард, ки давлати Амрико ҳар ҳафта 40 миллион доллар ба Толибон ирсол мекунад. Рақаме, ки ба гуфати ӯ, дар маҷмуъ то кунун ба тақрибан 5 миллиард доллар расидааст.

Тим Бурчет ин кумакҳоро на фақат нигаронкунанда, балки бозтобе аз сиёсатҳои муғлақ ва нокоромади давлати Амрико дар қиболи Афғонистон донист. Ӯ таъкид кард, ки ин раванд дар замони президентии Доналд Трамп оғоз шуда ва ҳамчунон, бидуни шаффофияти кофӣ идома дорад.

Ба гуфтаи ин узви Конгресс идомаи интиқоли пул ба Толибон на фақат боиси машруъиятбахшии ғайримустақим ба ин гурӯҳ мегардад, балки метавонад заминасози рушди муҷаддади гурӯҳи террористӣ ва густариши ноамнӣ дар минтақа шавад.

Мунтақидони дохилӣ ва байналмилалӣ низ нисбат ба паёмадҳои ин кумакҳо ҳушдор додаанд ва мегӯянд, ки чунин равише метавонад ба заъфи талошҳои ҷаҳонӣ барои маҳори ифротгароӣ ва нақзи ҳуқуқи башар дар Афғонистон бианҷомад. Ба назари онҳо, идомаи ин ҳимояти молӣ, дар ҳоле ки Толибон ҳамчунин, ҳуқуқи занон ва озодиҳои шаҳрвандиро саркӯб мекунад, на фақат ғайримасъулона, балки хатарнок аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.